БИЗНЕС-КЛУБСоҳибкорони мо 410 корхонаро дар Узбекистон сармоягузорӣ кардаанд, онҳо...

Соҳибкорони мо 410 корхонаро дар Узбекистон сармоягузорӣ кардаанд, онҳо 155 адад

-

Ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, 410 корхона бо сармояи тоҷикистониён дар Ӯзбекистон фаъол аст.
Ба ҳолати 1 феврали соли 2026 дар Ӯзбекистон 410 корхона бо иштироки сармояи шаҳрвандон ва ширкатҳои тоҷикӣ сабт шудааст. Аз ин шумора:
— 308 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд,
— 102 корхонаи муштарак.

Самтҳои асосии фаъолият:


савдо — 144 адад
саноат — 89 адад
сохтмон — 43 адад
иттилоот ва алоқа — 33 адад
Бозори Ӯзбекистон бо беш аз 37 миллион аҳолӣ (дар муқоиса бо зиёда аз 10 миллион нафар дар Тоҷикистон) имкониятҳои васеътар барои рушд ва даромаднокӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон, зиёда аз 45% муассисони тоҷик, ки дар Ӯзбекистон ширкат доранд, фаъолияти худро дар дохили Тоҷикистон низ идома медиҳанд.
Ӯзбекистон фаъолона сармояи хориҷиро ҷалб мекунад.
Аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон ҷойҳои аввалро Чин (33%), Россия (10%), Туркия (5,2%), Арабистони Саудӣ (4,7%), Ҳоланд (3,7%) ва Олмон (3,3%) ишғол мекунанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 3,5 ҳазор ширкат бо сармояи кишварҳои шарик фаъолият дорад. Аз ҷумла:
Чин — 1117 адад
Россия — 403 адад
Афғонистон — 424 адад
Эрон — 328 адад
Туркия — 157 адад
Ӯзбекистон — 155 адад
Қазоқистон — 109 адад
Танҳо 155 ширкати бо сармояи Ӯзбекистон таъсисёфта дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 38 млн сомонӣ андоз ба буҷет пардохт кардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 7,8 млн сомонӣ бештар аст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад