МУВАФФАҚИЯТМӯҳлати ҷазои маҳбусон дар Узбекистон бо хондани китоб кам...

Мӯҳлати ҷазои маҳбусон дар Узбекистон бо хондани китоб кам мешавад

-

Мӯҳлати ҷазои маҳбусон дар Узбекистон барои хондани китоб кам мешавад.
Мувофиқи меъёрҳои нав, ки барои ташаккули «арзишҳои дурусти маънавӣ ва ахлоқӣ» унвон мешавад, муҳлати ҷазо барои ҳар як китоби хондашуда 3 рӯз кам мегардад, вале дар маҷмӯъ на бештар аз 30 рӯз дар давоми як сол.
Комиссияи махсус бояд китобҳои хондашударо тасдиқ намояд. Ин китобҳо бояд ба рӯйхати адабиёте дохил бошанд, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидаанд.
Соли 2021 дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Қарағандаи Қазоқистон лоиҳаи озмоишӣ амалӣ гардид буд, ки тибқи он маҳкумшудагон баъди хондани шумораи муайяни китобҳо аз рӯйхати пешниҳодшуда, онҳоро дар назди комиссия ба таври оммавӣ нақл мекунанд ва эссе менависанд. Пас аз ин, комиссия хулоса медиҳад, ки ба ҳавасмандгардонии маҳкумшудагон таъсир расонда, метавонад ба тағйири шароити нигаҳдорӣ ва озодкунии пеш аз муҳлат мусоидат кунад.
Дар Бразилия як барномаи расмӣ мавҷуд аст, ки онро “Remissão pela Leitura” (Қисман кам кардани ҷазо бо мутолиа) меноманд. Муҳлати ҳабси зиндониён барои ҳар китоби мутолиакарда 4 рӯз коҳиш меёбад, аммо на бештар аз 48 рӯз дар як сол.
Дар Боливия низ мисли Бразилия барои хондани китобҳо ба зиндонииён имконияти кам кардани муҳлати ҷазо пешниҳод шудааст.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад