ҲАЁТИ СОЛИМOpenAI ба худкушии наврас айбдор мешавад

OpenAI ба худкушии наврас айбдор мешавад

-

Ширкати бузурги технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ изҳор доштааст, ки наврас набояд бидуни розигии волидонаш аз ин технология истифода мекард ва инчунин набояд чораҳои муҳофизатии ChatGPT-ро канорагирӣ менамуд.

OpenAI иттиҳомотро дар он, ки гуё дар худкушии наврас айбдор аст, рад кард. Оилаи наврас дар моҳи август ба суди ширкат даъво пешниҳод карда буд ва иддао дошт, ки писари 16-солаи онҳо ChatGPT-ро ҳамчун «мушовири худкушӣ» истифода кардааст.

OpenAI,  бори аввал ҷавоби расмии худро дар Додгоҳи олии Калифорния дар шаҳри Сан-Франсиско пешниҳод кард.

Волидони Адами 16-сола, ки моҳи апрел худкушӣ кардааст, аз номи писарашон зидди ширкати OpenAI ва роҳбари он Сэм Олтман даъво кардаанд.

Ба гуфтаи волидайн, Адам ба ChatGPT вобастагии равонӣ пайдо карда буд; онҳо мегӯянд, ки хадамот ӯро имсол ба тарҳрезӣ ва анҷоми худкушӣ таҳрик медод ва ҳатто барои ӯ номаи видоъ навишта буд.

Бар асоси маводи даъво, сабтҳои мукотиба нишон додаанд, ки ChatGPT наврасро аз муроҷиат ба мутахассисони соҳаи солимии равонӣ бозмедошт, ба навиштани номаи видоъ кумак пешниҳод мекард.

Дар изҳороти худ ба суд, OpenAI таъкид кардааст, ки ин «фоҷеа» бар асари «истифодаи нодуруст, беиҷозат, ғайричашмдошт ва/ё ғалати ChatGPT аз ҷониби Адам» рух додааст, менависад NBC News.

OpenAI илова намудааст, ки наврас набояд бидуни розигии волидонаш аз технология истифода мебурд.

Вакили хонавода, Ҷей Эделсон, ба NBC News изҳор доштааст, ки OpenAI «ҳамагуна далелҳои айбдоркунандаи пешниҳодшудаи моро нодида гирифт: чӣ гуна модели GPT-4o бидуни санҷиши комил шитобзада ба бозор бароварда шуд; чӣ гуна OpenAI ду бор хусусияти моделро тағйир дод, то ChatGPT-ро водор кунад дар баҳсҳои марбут ба худосебрасонӣ иштирок кунад; чӣ гуна ChatGPT Адамро аз гуфтани фикрҳои худкушиаш ба волидон бозмедошт ва фаъолона ба ӯ дар тарҳрезии як „худкушии зебо“ кумак мекард».

Парвандаи Адам яке аз чандин даъвоҳоест, ки дар онҳо гуфта мешавад ChatGPT одамонро ба рафтори сӯиқасд ба ҷони худ ё фикрҳои хатарнок тела додааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад