Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, нархи аслии билет барои вагонҳои плацкарт ё умумӣ 3389 сомонию 95 дирам аст.
Агар аз 41 то 45 рӯз пеш билет харидорӣ шавад, бо тахфифи 60 дарсадӣ онро бо 1682 сомонию 32 дирам дастрас карда мешавад. Аз 31 то 40 рӯз пеш, 2 ҳазору 8 сомонӣ, аз 10 то 30 рӯз пеш билет харидорӣ шавад, арзиши он 2179 сомонию 27 дирам будааст. Вале агар аз 2 то 9 рӯз қабл билет харидорӣ шавад, арзиши он 2500 сомонӣ муайян шудааст.
Арзиши билет дар вагонҳои купе ё ҳуҷрадор 4 625 сомонӣ буда, агар аз 41 то 45 рӯз пеш харидорӣ шавад, қимати 2611 сомонӣ мешудааст.
Ёдовар мешавем, ки қатораи рақами 423/424 дар масири Душанбе-Маскав баъд аз 6 соли танаффус, 21 июн ба ҳаракат даромад ва он соати 22:08-и шаби 24 июн ба Маскав расид.
Ҳаракати қатораи мусофиркашонӣ ба ин самт соли 2020 ба асари пандемияи COVID-19 мутаваққиф шуда буд.
Акс аз шабакаи интернет



