ҲАЁТИ СОЛИМҚуш-Тепа ҳавзаи баҳри Аралро нобуд мекунад

Қуш-Тепа ҳавзаи баҳри Аралро нобуд мекунад

-

Афғонистон босуръат дар ҳоли сохтмони канали обии 285-километрӣ барои обёрии ноҳияҳои шимолиаш мебошад.

Euronews дар як матлабе зикр мекунад, ки аз ин вазъ Ӯзбекистону Туркманистон нигаронанд. Зеро, 20-30% -и оби дарёи Амударё ба Қуш-Тепа равона хоҳад шуд.

«Равона кардани дарё ба канали нав амнияти обии Осиёи Марказиро зери хатар мегузорад, зеро таъмини оби Ӯзбекистонро то 15% ва Туркманистонро то 80% кам мекунад ва ҳамзамон таъсири манфӣ ба сатҳи шуғл, камбизоатӣ, муҳоҷират ва низоъҳои сарҳадӣ хоҳад дошт.»,-омадааст дар матлаби ин расона.

Агар Ӯзбекистон ва Туркманистон оби камтар аз Амударё дарёфт кунанд, онҳо барои ҷуброни ин талафот метавонанд оби бештар аз Сирдарё истифода кунанд.

“Ин тағйирот дар миқёси обӣ бетаъсир намемонад. Ҷараёни дарёи Сирдарё аз Ӯзбекистон ба Қазоқистон метавонад то 30-40% кам шавад.”, — гуфтааст Азаматхон Амиртаев, раҳбари ҳизби Байтаки Қазоқистон.

Дарёҳои Амударё ва Сирдарё якҷоя баҳри Аралро таъмин мекунанд, вале “Қуш-Тепа боқимондаи ҳавзаи баҳри Аралро нест мекунад. Коршиносони конфронси охирини «Амнияти обӣ ва истифодаи сарҳадии об» бо ин назар мувофиқ будаанд, ки сохтмони канали Қуш-Тепа тамоми кӯшишҳои барқарорсозии баҳри Аралро зери хатар мегузорад.

Истифодаи об дар Осиёи Марказӣ бо Созишномаи соли 1992 дар бораи истифода ва ҳифзи захираҳои обии сарҳадӣ танзим мешавад, ки мероси Протоколи 566-и шӯравӣ мебошад. Давлатҳо инчунин Конвенсияи СММ оид ба ҳифз ва истифодаи дарёҳои сарҳадӣ ва кӯлҳои байнулмилалиро риоя мекунанд.

“Давлатҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд муносибатҳои нисбатан осоишта ва ҳамкориро нигоҳ доранд, бо вуҷуди мушкилоти давомдори сифат ва миқдори об,” — гуфта шудааст дар Ҳисоботи СММ оид ба ҳолати захираҳои оби ҷаҳон то соли 2024.

Аммо Афғонистон узви ин созишномаҳо нест, зеро ҳаракати “Толибон” аз ҷониби ягон созмони байнулмилалӣ ё давлат эътироф нашудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад