БИЗНЕС-КЛУБДавраи омӯзишӣ доир ба содагардонӣ ва рақамисозии расмиёти тиҷорати...

Давраи омӯзишӣ доир ба содагардонӣ ва рақамисозии расмиёти тиҷорати хориҷӣ

-

Тақрибан 50 намояндаи бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз Хатлон ва Суғд дар ду давраи омӯзишӣ доир ба содагардонӣ ва рақамисозии расмиёти тиҷорати хориҷӣ ҷамъ омада, донишҳое меандӯзанд, ки мустақиман фаъолияти онҳоро дар бозорҳои байналмилалӣ беҳтар мекунад. Давраҳои омӯзишӣ 15-уми апрели соли 2026 дар Бохтар ва 22-юми апрели соли 2026 дар Исфара баргузор мегарданд ва ҷиҳати баланд бардоштани дониш, беҳтар намудани фаъолият ва роҳ ёфтан ба бозорҳои хориҷӣ равона шудаанд.

Давраҳои омӯзиширо мушовири миллии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) Рустам Абдусаломов дар чорчӯбаи лоиҳаи МТБ “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ”, ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, баргузор мекунад. Семинарҳо иштирокдоронро бо абзорҳо ва низомҳое шинос хоҳанд кард, ки муҳити тиҷоратии Тоҷикистонро имрӯз муайян месозанд. Барнома масъалаҳои вобаста ба қонунгузорӣ ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти содиротӣ, низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи REX, Портали савдои Тоҷикистон, декларатсияи электронии молҳо ва нақлиёт, низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, инчунин нақлиёти байналмилалии автомобилӣ ва логистикаро фаро мегирад.

Пас аз анҷоми семинарҳо иштирокдорон аз абзорҳое, ки ба коҳиш додани таъхир ҷиҳати  барасмиядарории  гумрукӣ, кам кардани хароҷоти иловагӣ ва пайдо кардани дастрасӣ ба бозорҳои бузургтари минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунанд, дарки равшан хоҳанд дошт. Барои содироткунандагони хушкмева ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ин донишҳо мустақиман бо баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва афзоиши даромад анҷом меёбад.

Ҷаноби Абдусаломов қайд менамояд, ки «Баргузории чунин семинарҳо соҳибкорони маҳаллиро бо абзорҳои рақамӣ ва низоми соддагардонии расмиёти савдо  ошно месозад. Дар натиҷа, ширкатҳо метавонанд бо гузаштан ба равандҳои зудтар ва самараноктар вақт ва хароҷоти молиявиро ба таври назаррас коҳиш диҳанд. Вақт ва соњикорирро самараноктар истифода намояд, барои рушди умумии иқтисодӣ мусоидат менамояд»

Ин семинарҳо танҳо як намунаи фаъолияти МТБ дар самти ёрӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати рушди онҳо тавассути баланд бардоштани дониш ва малакаҳои содиротӣ мебошанд. Донишҳо ва абзорҳои мувофиқ ба соҳибкорони маҳаллӣ имкон медиҳанд, то дар бозори ҷаҳонӣ бомуваффақият рақобат кунанд ва рушд намоянд.

Дар бораи лоиҳа ва ёриҳои Швейтсария 

Лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад