МУВАФФАҚИЯТТоҷикистон дар раддабандии Чемпионати Осиё аз ҳисоби медали тилло

Тоҷикистон дар раддабандии Чемпионати Осиё аз ҳисоби медали тилло

-

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар раддабандии медалҳои мусобиқаи байналмилалӣ мақоми дуюмро касб кард.Чемпионати Осиё дар шаҳри Ордоси Чин баргузор шуд.

Тибқи раддабандии ниҳоии медалҳо, мунтахаби Тоҷикистон бо ба даст овардани 2 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи дуюм қарор гирифт.

Мақоми аввалро тими Муғулистон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ишғол намуд. Зинаи сеюм насиби Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея гардид, ки 2 тилло ва 1 нуқра ба даст овард.

Қазоқистон бо 1 тилло ва 2 биринҷӣ дар мақоми чорум қарор гирифта, Баҳрайн бо 1 тилло ва 1 биринҷӣ панҷгонаи беҳтаринро ҷамъбаст намуд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин медали тиллоро дар вазни то 73 кг соҳиб шуд. Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали нуқраро ба даст овард. Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг  медали биринҷиро соҳиб шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад