ОЛАМИ МАҶОЗӢПочтаи роҳбари FBI-ро кӣ шикаст?

Почтаи роҳбари FBI-ро кӣ шикаст?

-

Бюрои федералии таҳқиқотии Амрико (FBI) барои онҳое, ки аъзои Handala Hack Team-ро ошкор мекунанд, 10 миллион доллар ҷоиза ваъда кардааст. Ин гуруҳро, ки марбут ба Эрон медонанд, ахиран эълон кард, ки шикастани почтаи электронии раҳбари FBI Каш Пател кори онҳост. Handala Hack Team аксҳои Пател, мукотибаи кории ӯ ва тарҷумаи ҳоли ӯро дар интернет нашр кард. Ин гуруҳи ҳакерӣ навиштааст, ки «ин танҳо оғоз аст».

Намояндаи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ки ин мавод воқеӣ ба назар мерасад. Дар изҳороти Бюрои федералии таҳқиқотии Амрико гуфта мешавад, ки барои коҳиш додани хатари эҳтимолӣ тамоми чораҳои заруриро андешидааст.

Ҳамзамон, бюро таъкид кард, ки маълумоти паҳншуда ба иттилооти ҳукуматӣ рабт надорад ва асосан кӯҳна мебошад.

Дар аксҳое, ки бо нишони обии Handala Hack Team паҳн шудаанд, Каш Пател дар ҷойҳои гуногун — назди мошини ретро, ҳавопаймои хусусӣ, бо сигор, шишаи машрубот, инчунин дар тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо дида мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад