БИЗНЕС-КЛУБНархи ҷаҳонии нафт афзоиш меёбад

Нархи ҷаҳонии нафт афзоиш меёбад

-

Дар пасманзари идомаи танишҳо дар Ховари Миёна нархи ҷаҳонии нафт тамоюли болоравиро нигоҳ дошта, 10 март  бо бештар 7% афзоиш ёфт.

Аз ҷумла, нархи нафти навъи Brent crude oil ба 97,60 доллар барои як баррел расид, ки 7,47% бештар аст (ё ба андозаи 6,92 доллар барои ҳар баррел афзоиш). Нархи нафти навъи West Texas Intermediate (WTI) бошад, ба 96,56 доллар барои як баррел расид, ки 6,23% бештар аст (ё 5,66 доллар барои ҳар баррел афзоиш).

Дар оғози савдо нархи нафти Brent муваққатан то 119,50 доллар барои як баррел боло рафт, нархи нафти WTI низ ба 119,48 доллар барои як баррел расид.

Нигаронӣ вуҷуд дорад, ки болоравии босуръати нархи энергия метавонад фишори беқурбшавиии ҷаҳониро зиёд карда, ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ расонад.

Аз замони оғози ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ва Исроил ба Эрон, нархи нафти Brent 65% ва нархи WTI тақрибан 78% афзоиш ёфтааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад? Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби...

Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд

Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд. Масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи Парлумон Прокурори...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад