БИЗНЕС-КЛУБФаронса дар баҳри Миёназамин як танкери русиро боздошт

Фаронса дар баҳри Миёназамин як танкери русиро боздошт

-

Нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Фаронса дар қисми ғарбии баҳри Миёназамин танкери нафткаши русии GRINCH-ро боздоштанд, ки эҳтимолан ба «флоти соягӣ»-и Русия мансуб аст. Амалиёт миёни соҳили ҷанубии Испания ва соҳили шимолии Марокаш анҷом ёфтааст.
Президенти Фаронса Эмманюэл Макрон изҳор доштааст, ки ҳангоми анҷоми амалиёт Фаронсаро чанд муттаҳид, аз ҷумла Британияи Кабир пуштибонӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, ин киштӣ таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад ва эҳтимолан бо парчами дурӯғин ҳаракат мекард.
Прокуратураи Марсел дастур додааст, ки масири танкер тағйир дода шуда, он барои гузаронидани санҷишҳои иловагӣ равона карда шавад.
Ба иттилои dw, ҷониби Русия расман огоҳ карда нашудааст. Моҳи октябр Фаронса дар соҳили ғарбии худ як танкери дигареро, ки таҳти таҳримҳо қарор дошт, боздошта буд, аммо баъд аз чанд рӯз он киштӣ озод карда шуд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад