МУВАФФАҚИЯТВоридоти борҷомаҳои плостик манъ мегардад. Агар...

Воридоти борҷомаҳои плостик манъ мегардад. Агар…

-

Дар сурати дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби ҳукумат, воридоти маҳсулоти плостикӣ дар Тоҷикистон манъ хоҳад гардид.
Баҳодур Шерализода, Раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист зимни нишасти хабарӣ гуфт, партовҳои пластикӣ мушкилии муҳими экологӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон ба шумор меравад. 
Бинобар ин, аз ҷониби Барнома СММ оид ба масоили муҳити зист (UNEP) дар хусуси манъи маводҳои яккаратаи пластикӣ гуфтушунидҳо дар сатҳи байналмиллаӣ идома дорад.
«Барои пешгирии ифлосшавӣ аз партовҳои пластикӣ санад «Дар бораи манъи воридот ва истифодаи борҷомаҳои пластикӣ», ки бо вазорату ниҳодҳои дахлдор мувофиқа шудааст айни ҳол дар баррасии Ҳукумати ҶТ аст.»-гуфт  ӯ. 
Ба иттилои раиси кумитаи ҳифзи муҳити зистии Тоҷикистон онҳо бо марказҳои савдои «Ашан», «Пайкар» аксияи «Аз пластик даст кашед» гузаронда, афкори ҷомеаро дар бораи зиёни плостик дигар кардан мехостанд. «Бояд шаҳрвандон дар масоили экологӣ маълумот дошта бошанду бо муҳити зист эҳтиёткор бошанд.»,-таъкид намуд Баҳодур Шерализода.

Бояд гуфт, маводҳои пластикӣ ва полиэтиенӣ, ки аксар вақт мавриди истифодаи якдафъаина қарор дорад, барои муҳити зисти инсон мушкилот эҷод кардааст.

Муҳитшиносон мегӯянд, дар як сол беш аз 4 триллион пакети пластикӣ дар гардиш қарор мегирад, ки аз таъсири он ҳамасола ба 1 миллион парранда мерасад, ва ҳазорон ҷонварони баҳрӣ ва шумораи зиёди моҳиҳо ба нестӣ мерасанд.

Дар акс Баҳодур Шерализода. Манбаъ:tajnature.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад