ҲАЁТИ СОЛИММанъи рекламаи ғизои зараровар дар Британия

Манъи рекламаи ғизои зараровар дар Британия

-

Дар Британияи Кабир қонуне ба иҷро даромад, ки рекламаи ғизои зарароварро дар интернет комилан манъ мекунад ва пахши онро дар телевизион маҳдуд месозад. Ин чораҳои нав иҷрои ваъдаи мақомот барои «кумак ба волидон ҷиҳати ба воя расондани солимтарин насли кӯдакон дар таърих» мебошанд. 

Тибқи қоидаҳои нав, рекламаи «ғизои камсолим»» дар телевизиони Британия танҳо пас аз соати 21:00 иҷозат дода мешавад. Дар бахши бритониёии интернет бошад, намоиши чунин эълонҳо ва роликҳо комилан манъ шудааст.

Ба иттилои рӯзномаи The Guardian, маҳдудиятҳо ба 13 гурӯҳи маҳсулоте дахл доранд, ки миқдори зиёди шакар, равған ва намак доранд. Аз ҷумла, инҳо нӯшокиҳо бо шакари иловашуда (аз ҷумла баъзе маҳсулоти ширӣ мисли йогурт), чипсҳо, крекерҳо ва печеньеи шӯр, кукурузпораҳо ва дигар «наҳории омода» бо шакар, попкорн, шоколад, сақич, яхмос, маҳсулоти қаннодии ширин, пицца ва хӯрокҳои яхкардашуда мебошанд.

Истеҳсолкунандагони «ғизои зараровар» дар Британия ҳанӯз ҳам ҳақ доранд, ки бренди худро дар вақти «кӯдакона» дар телевизион ва интернет таблиғ кунанд, ба шарте ки дар чунин реклама худи маҳсулоти зараровар мустақиман нишон дода нашавад. Расонаҳо қайд мекунанд, ки аксари ширкатҳои маҳаллӣ аллакай пешакӣ ба иҷрои ин талаботи нав шурӯъ кардаанд.

Ҳукумати Британия омореро пешниҳод мекунад, ки паҳншавии фарбеҳиро дар байни кӯдакон нишон медиҳад. Масалан, 22,1 фоизи кӯдакон ҳангоми рафтан ба синфҳои ибтидоӣ вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ доранд. То поёни таҳсил ин нишондиҳанда ба 35,8 фоиз мерасад. 

Реклама ба он таъсир мерасонад, ки кӯдакон чӣ ва кай мехӯранд, завқи онҳоро аз синни хурдсолӣ шакл медиҳад ва хатари фарбеҳӣ ва бемориҳои вобастаро зиёд мекунад. 

Лондон аз миёнаҳои солҳои 2010-ум ба таври фаъол бо фарбеҳӣ мубориза мебарад. Соли 2018 дар Британияи Кабир «андози шакар» ҷорӣ карда шуд, ки тибқи он истеҳсолкунандагони нӯшокиҳои дорои миқдори зиёди шакар бояд ба буҷети давлат андози иловагӣ пардохт кунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад