БИЗНЕС-КЛУБХушкмеваҳои Тоҷикистон дар Порис

Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар Порис

-

“Баракат Исфара”, “Водии меваҳо” ва “Алӣ Априкот”- се корхонаи коркарди хушкмева аз Исфара, ки бозигари калидии бозори хушкмева дар Осиёи Марказӣ низ маҳсуб мешаванд, дар намоишгоҳи байналмилалии Food Ingredients Europe 2025 ширкат мекунанд. Ин намоишгоҳ аз 2-4 декабри соли 2025 дар Порис идома мекунад. Дар ин намоишгоҳи бузурги ғизо ва нӯшокӣ 1500 иштироккунандаи дигар маҳсулоти худро ба ҳазорон бинанда аз саросари дунё намоиш медиҳанд.

Бо иштирок дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имкониятҳои нави содироти маҳсулот пайдо мекунанд, балки боз меҳмононро ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва маҳсулоти гуногуни меваҷотии кишвар даъват мекунанд. Ин чорабинӣ барои соҳибкорони тоҷик ба ҳайси пуле мебошад, ки роҳи онҳоро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар гардонида, худи онҳоро ба ҳайси бозигарони муҳимми бозори байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати рақобатпазирии бештар дар бозорҳои минтақавӣ, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумоти нав доир ба соҳа ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад. Ин гуна сафарҳои корӣ барои гуногунсозии бозори содирот низ муҳимманд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад