ОЛАМИ МАҶОЗӢInstagram ва Facebook аз нисфи шаб дастрасии кӯдаконро масдуд...

Instagram ва Facebook аз нисфи шаб дастрасии кӯдаконро масдуд мекунанд…

-

Instagram ва Facebook-и ширкати Meta аз нисфи шаб дастрасии кӯдаконро масдуд карда, истифодаи онҳоро то ду соат дар як рӯз маҳдуд мекунанд

Instagram ва Facebook-и ширкати Meta ба зудӣ барои корбарони то 18-сола маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, истифодаи ин шабакаҳо аз нисфи шаб то соати 6-и субҳ баста шуда, вақти истифодаи онҳо ба ду соат дар як рӯз маҳдуд мешавад. Ин тағйирот бахше аз созиши бисёрмиллиарддолларӣ миёни Meta ва мақомоти 48 иёлати ИМА мебошад.

Тибқи созиши бадастомада, Meta метавонад дар маҷмӯъ то 18 миллиард доллар пардохт кунад. Ширкат ин маблағро дар давоми даҳ сол пардохт хоҳад кард. Қоидаҳои нави ҳифзи кӯдакон танҳо дар ИМА татбиқ мешаванд ва аксари онҳо низ барои даҳ сол амал хоҳанд кард.

Тибқи қоидаҳои нав, истифодаи якҷояи Instagram ва Facebook барои наврасон ба ду соат дар як рӯз маҳдуд мешавад. Ҳамчунин, дастрасӣ ба платформаҳо аз соати 00:00 то 06:00 баста мешавад, агар волидайн ин маҳдудиятро бекор накунад. Дар соатҳои дарсӣ низ огоҳиномаҳои аксар барномаҳо барои наврасон хомӯш карда мешаванд.

Ҳамчунин, шумораи «лайк»-ҳо ва дигар вокунишҳо барои корбарони ноболиғ ба таври пешфарз пинҳон карда мешаванд. Meta инчунин қасд дорад истифодаи баъзе филтрҳои зебоӣ ва дигар имкониятҳоеро, ки барои кӯдакон номуносиб арзёбӣ мешаванд, маҳдуд кунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад