МУВАФФАҚИЯТМедали тиллои Шамшер дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс

Медали тиллои Шамшер дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс

-


Рӯзи охирини Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт муҳорибаҳои финалӣ миёни мардҳо сурат гирифт, ки варзишгари тоҷикистонӣ- Шамшер Саидов медали тилло ба даст овард.
Шамшер рӯзи 10 декабри соли равон дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирнякро шикаст дод.
Варзишгарони мо миёни мардҳо, ҳамчунин 2 медали дигар – 1 нуқра, 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86кг сазовор шуд. Некрӯз Салимов дар вазни -80кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Миёни бонувон дар ин мусобиқа Миҷгона Самадова дар вазни -57кг медали тилло, Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни -81кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Мусобиқа бо иштироки варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Белорус, Тоҷикистон, Узбекистон 5-10 декабр дар минтақаи Белоярски Руссия баргузор гардид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад