ҲАЁТИ СОЛИМТАСС: Юрий Дуд барои хиёнат ба давлат мавриди тафтиш...

ТАСС: Юрий Дуд барои хиёнат ба давлат мавриди тафтиш қарор мегирад

-

Рӯзноманигор Юрий Дуд барои хиёнат ба давлат мавриди тафтиш қарор мегирад. Дар ин бора ТАСС аз қавли манбаъҳояш хабар додааст.

Додситонии Маскав талаб дорад, ки нисбат ба Дуд парванда боз шавад. “Амалиёти Юрий Дуд метавонанд нишонаҳои ҷинояти пешбинишуда дар моддаи 275-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (хиёнат ба давлат)-ро дошта бошанд”, — гуфтааст манбаъ ба ин оҷонсӣ.

Нисбат ба Юрий Дуд барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои муқарраркардаи қонунгузории Федератсияи Русия оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақоми ваколатдор барои ворид шудан ба феҳристи агентҳои хориҷӣ дар ғайбаш ҳукми боздошташ содир шуда буд.  Ҳамаи ин бо назардошти он, ки ӯ ҷамъоварии мақсадноки маълумот дар соҳаи фаъолияти ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Федератсияи Русияро гумонбар мешавад. Барои ин амал қисми 3-и моддаи 330.1 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад, моддаи “хиёнат ба давлат” бошад то ҳабси якумрӣ.

Вазорати адлияи Федератсияи Русия Дудро 15 апрели соли 2022  ҳамчун“агенти хориҷӣ” эътироф карда буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад