БИЗНЕС-КЛУБЗоҳран Мамданӣ, ки дар интихоботи муқаддамотии демократҳои Ню-Йорк пирӯз...

Зоҳран Мамданӣ, ки дар интихоботи муқаддамотии демократҳои Ню-Йорк пирӯз шуд

-

Зоҳран Мамданӣ, ки дар интихоботи муқаддамотии демократҳои Ню-Йорк пирӯз шуд, эҳтимоли хеле зиёд номзади навбатии шаҳрдори ин мегаполис мегардад.

BBC менависад, ки ин хабар дар Амрико ҳам норозигӣ, ҳам ҳайрат, ҳам тарс ва ҳам овозаҳои зиёдро ба вуҷуд овардааст, масъала на танҳо дар асли насаби ӯст, балки дар сиёсати он аст, ки Мамдании 33-сола таблиғ мекунад. Ӯ дар Уганда таваллуд шудааст, пайрави ислом аст, барои синфи миёна имтиёзҳо ваъда медиҳад ва ҷонибдори Фаластин мебошад.

Зохран Мамдании 33-сола дар Уганда дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст, падараш профессор ва модараш коргардон аст. Падару модараш насабҳои ҳиндӣ, угандӣ ва амрикоӣ доранд, худи Мамданӣ мусалмон аст.

Мамданӣ соли 2020 дар интихоботи муқаддамотии Ҳизби демократӣ пирӯз шуда, дар Ассамблеяи иёлати Ню-Йорк соҳиб курсӣ шуд. Бузургтарин дастоварди ӯ оғоз кардани барномаи озмоишии автобусҳои ройгон дар Ню-Йорк дар соли 2024 мебошад.

Мамданӣ бо ҳамин барнома маъракаи интихоботии худро барои шаҳрдорӣ оғоз намуд. Аз ҷумлаи пешниҳодҳои асосии ӯ инҳоянд: тавсеаи нақлиёти ҷамъиятии ройгон, боло бурдани музди меҳнати ҳадди ақал аз 16 то 30 доллар дар як соат, дастгирии оилаҳои дорои кӯдакон ва таъсиси шабакаи шаҳрии мағозаҳои маҳсулоти арзон. Аммо он чизе, ки бештар рақибонашро ба хашм овард, нақшаи Мамданӣ аст, ки андозҳоро барои ширкатҳо ва шахсоне, ки дар як сол зиёда аз як миллион доллар даромад доранд, боло барад, инчунин афзоиши иҷораи манзилро барои як қисми манзилҳо мутаваққиф созад то дастрасии хонаҳои иҷораро дар шаҳр беҳтар кунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад