ОЛАМИ МАҶОЗӢМаск: алоқаи моҳвораии Starlink дар Қатар дастрас шуд

Маск: алоқаи моҳвораии Starlink дар Қатар дастрас шуд

-

Илон Маск хабар дод, ки алоқаи моҳвораии Starlink дар Қатар ба кор даромад. Ин соҳибкори амрикоӣ оғози фаъолияти интернети ширкати худ дар ин кишвари навро тавассути шабакаи иҷтимоиаш — X эълон намуд.

Қаблан фиристодаи Доналд Трамп, Ричард Гренелл, аз Маск хоҳиш карда буд, ки ба мардуми Эрон Starlink-ро ройгон пешниҳод намояд. Ӯ таъкид кард, ки дӯстонаш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иттилоъ пайваста дастрасӣ надоранд, вале омода аст, мисли бисёри дигарон, ба ширкати Маск хайрия кунад, то чунин имкон муҳайё гардад.

Пас аз ин, шаҳрвандони Эронро барои истифодаи Starlink ба ҷазои шадид — қамчинзанӣ ва маҳрумият аз озодӣ — таҳдид карданд.

Ба иттилои рӯзноманигорон, парлумони Эрон ба ҷонибдории манъи истифода, хариду фурӯш, воридот, истеҳсол ва паҳн кардани ҳама гуна васоити интернетӣ ва таҷҳизоти иртиботие, ки аз сертификати дохилӣ нагузаштаанд, раъй додааст. Ба ин гурӯҳ, таҷҳизоти Starlink низ шомил аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад