ҲАЁТИ СОЛИММузокироти ғайримустақими Исроил бо ҲАМОС дар Қатар

Музокироти ғайримустақими Исроил бо ҲАМОС дар Қатар

-

Дар изҳороти дафтари нахуствазири Исроил, Бинямин Нетаняҳу гуфта мешавад, ки тағйироте, ки ҲАМОС пешниҳод кардааст, барои Исроил қобили қабул нест.

Тағйироте, ки ҲАМОС ба пешниҳоди Қатар оид ба танзими вазъият дар Ғазза ворид кардааст, барои Исроил қобили қабул нест, гуфтааст дафтари Бинямин Нетаняҳу. Бо вуҷуди ин, нахуствазири Исроил эълон кардааст, ки ҳайатеро барои музокироти ғайримустақим бо ҲАМОС ба Қатар мефиристад.

Маҳз кадом тағйиротҳоро Исроил қобили қабул намедонад, гуфта намешавад. Нашрияи Times of Israel рӯзи шанбе бо истинод ба манобеъ хабар додааст, ки ҲАМОС исрор меварзад, ки ба созиш банде ворид карда шавад, ки дар он гуфта мешавад музокирот оид ба қатъии ниҳоии ҷанг идома хоҳад ёфт ва инчунин талаб дорад, ки артиши Исроил ба мавқеъҳое баргардад, ки то лаҳзаи анҷоми оташбаси қаблӣ ишғол карда буд.

Дар ҳамин ҳол, шоми рӯзи шанбе дар Исроил намоишҳои чандҳазорнафарӣ баргузор шуданд, ки иштирокчиёнашон хостори қатъи ҷанг дар Ғазза ва раҳоии гаравгонҳое буданд, ки то ҳол дар асорати ҲАМОС қарор доранд. Ба иттилои ҷониби Исроил, аз 50 гаравгоне, ки то ҳол дар Ғазза нигоҳ дошта мешаванд, 20 нафарашон зиндаанд, 28 нафар кушта шудаанд ва тақдири ду нафари дигар номаълум аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад