Пи Дидди барои базмҳои ҷинсии худ ба ҳабси абад маҳкум намешавад. Инро дар ИМА ҳамчун пирӯзии ҳуқуқии рэпер арзёбӣ мекунанд, ҳарчанд ӯро то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.
2 июл ҳайати доварон дар Ню-Йорк ҳукм оид ба парвандаи ҷиноии рэпер ва продюсери мусиқӣ Пи Дидди (номи аслӣ Шон Комбс)-ро эълон кард. Ӯ дар ду ҳолати интиқоли одамон барои машғул шудан ба фоҳишагӣ гунаҳкор дониста шуд, вале аз иттиҳоми хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори ҷинсӣ ва узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ сафед гардид. Комбсро то 20 соли зиндон таҳдид мекунад, аммо бо вуҷуди ин, ҳукми доварон ҳамчун пирӯзии мусиқинавис ва вакилонаш қабул шуд.
Мушкилиҳои ҳуқуқии яке аз чеҳраҳои пурнуфузи санъати рэпи Амрико тирамоҳи соли 2023 оғоз шуданд. Он вақт дӯстдухтари собиқи Дидди, сароянда Кассандра Вентура, даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод кард ва гуфт, ки рэпер ӯро латтукӯб, таҷовуз ва маҷбур кардааст, ки бо мардони дигар робитаи ҷинсӣ дошта бошад. Ин даъво дар зарфи як рӯз ҳаллу фасл шуд; Вентура 20 миллион доллар гирифт ва аз даъвои худ даст кашид. Аммо баъди он зидди Дидди даҳҳо даъвои дигар аз ҷониби занону мардон пешниҳод шуд, ки ӯро дар зӯроварии ҷинсӣ, қочоқи пулҳои маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигар айбдор мекарданд.
Иддаокунандагон аз базмҳои Дидди бо маводи мухаддир ва алоқаи ҷинсӣ нақл мекарданд, ки гоҳе чанд рӯз идома мекард. Ба иштирокчиёни чунин базмҳо гӯё маводи мухаддир дода мешуд ва сипас мавриди таҷовуз ё маҷбур ба алоқаи ҷинсӣ қарор мегирифтанд. Дар базмҳои Дидди бисёр шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла Бейонсе, Ҷей Зи ва Эштон Кутчер низ иштирок мекарданд, ки боиси интиқод гардид ва мардум онҳоро ба он муттаҳам карданд, ки аз ин ҳама огоҳ буданд.
Баҳори соли 2024 пулис дар қасрҳои Дидди дар Майами ва Лос-Анҷелес кофтукоб анҷом дод. Дар яке аз қасрҳо миқдори зиёди молидании ҷинсӣ ёфт шуд. Мусиқинавис тирамоҳи соли 2024 боздошт шуд ва то ҳол дар ҳабс қарор дорад.
Раванди додгоҳӣ моҳи майи 2025 оғоз шуда, ҳашт ҳафта давом кард. Айбдоркунандагон ду шоҳиди асосӣ доштанд. Шоҳиди аввал Кассандра Вентура буд. Вай муфассал нақл кард, ки чӣ тавр дар 19-солагӣ бо лейбли Дидди шартнома баст, чӣ гуна бо ӯ робитаи ошиқона оғоз шуд, чӣ гуна ӯро латтукӯб мекард ва маҷбур месохт, ки дар базмҳое иштирок кунад, ки бояд дар онҳо бо мардони дигар дар назари худи Дидди, робитаи ҷинсӣ медошт; чӣ қадар аз ин ранҷ мекашид, аммо ба ҳар ҳол итоат мекард, чун намехост Дидди-ро ноумед кунад ва аз ӯ метарсид.
Дар посух ба саволе, ки чаро аввал аз Комбс ҷуброн талаб кард, аммо баъдан алайҳи ӯ шаҳодат дод, Вентура гуфт: «Ман дигар тоқат карда наметавонам. На метавонам шарм, айб ва инро, ки ӯ бо одамон мисли ашёи якдафъаина муносибат мекард, таҳаммул кунам. Рост — рост аст, дурӯғ — дурӯғ. Ман ба додгоҳ омадам, то кореро дуруст анҷом диҳам.»
Яке аз далелҳои асосии айбдоркунӣ навори видеоии камераҳои назоратии меҳмонхонаи Лос-Анҷелес буд, ки нишон медод, чӣ гуна Комбс Вентураро латтукӯб мекард. Дар додгоҳ муҳофизи меҳмонхона низ нишондод дод: ӯ эътироф кард, ки нусхаи наворро ба рэпер бо 100 ҳазор доллар фурӯхтааст. Ғайр аз ин, аъзои гурӯҳи кории Дидди низ дар суд шаҳодат доданд.
Шоҳиди дуюми асосии айбдоркунӣ дӯстдухтари дигари собиқи Дидди аст, ки бо тахаллуси «Ҷейн» баромад кард. Вай аз соли 2021 бо Комбс робита дошт ва то замони боздошташ дар соли 2024 бо ӯ буд. Ҷейн гуфт, ки ба рэпер эҳсосоти қавӣ дошт, аммо худро аз ҷиҳати молиявӣ комилан вобаста ҳис мекард. Бинобар ин, вақте Дидди ӯро ба базмҳои ҷинсӣ кашид, вай имкони рад карданро намедид. Ба гуфтаи ӯ, вақте даъвои Вентура алайҳи Комбсро хонд, ба ваҳшат афтод: «Ман аз хондани он чизе, ки дар се саҳифа даъвои ӯ, калима ба калима, таҷриба ва азобҳои маро тасвир мекард, худамро бад ҳис кардам.»
Айбдоркунандаҳо исрор доштанд, ки кирдорҳои Пи Дидди нисбат ба Кассандра Вентура ва «Ҷейн» ба ҷинояти харидуфурӯши одамон бо мақсади истисмори ҷинсӣ, инчунин ба интиқоли одамон барои машғул шудан ба фоҳишагӣ рост меояд. Ғайр аз ин, Дидди ба узвият дар гурӯҳи ҷинояткорӣ муттаҳам мешуд: айбдоркунандагон кӯшиш мекарданд исбот кунанд, ки ӯ бо аъзои гурӯҳи худ мувофиқа кардааст то базмҳои ҷинсӣ ташкил кунанд, аз паси дӯстдухтаронаш назорат кунанд ва онҳоро метарсонданд, агар онҳо саркашӣ мекарданд.
Вакили дифои асосӣ Марк Агнифило стратегияи хатарнок интихоб кард: ӯ муштарии худро ҳамчун шахси «фосид», ки ба тарзи ҳаёти свингерӣ истифодаи маводи мухаддир ва латтукӯби дӯстдухтаронаш эътироф кард, аммо исрор дошт, ки ӯ фурӯшандаи одамон ё раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ нест. Вакил ҳамчунин кӯшиш кард исбот кунад, ки шоҳидони айбдоркунанда бо хоҳиши худ дар базмҳои ҷинсӣ иштирок мекарданд ва ба доварон паёмнависии ошиқонаи онҳоро бо рэпер қироат мекард.
Дар ИМА ҳукм оид ба парвандаи ҷиноӣ бояд бо ризоияти ҳамаи 12 довар қабул шавад. Сабабҳои дақиқи ҳакамон дар парвандаи Дидди маълум нест, бинобар ин, танҳо тахмин кардан мумкин аст.
Барои исбот кардани ҷинояти харидуфурӯши одамон бо мақсади истисмори ҷинсӣ, айбдоркунандагон бояд собит мекарданд, ки Комбс шарикони худро бо зӯрӣ, фиреб ё маҷбуркунӣ ба робитаҳои ҷинсӣ барои пул водор кардааст. Далелҳои зӯроварӣ аз ҷониби рэпер зиёд буданд, муҳимтаринашон — навори латтукӯби Вентура дар меҳмонхона. Вакилони Комбс худ ҳам зӯровариро инкор накарданд, вале дар тамоми мурофиа исрор доштанд, ки зӯроварӣ ба маънои харидуфурӯши одамон нест. Ҳукми доварон нишон медиҳад, ки додситонҳо натавонистанд ин мавқеи ҳимоятро комилан рад кунанд, менависад CNN.
Иттиҳоми он, ки Дидди гурӯҳи ҷиноӣ таъсис додааст, ки ба маҷбур кардани дӯстдухтаронаш ба робитаҳои ҷинсӣ кумак мекардааст, бар асоси қонуни маъруфи RICO буд ва аз аввал ҳам ҳамчун душвортарин иттиҳом арзёбӣ мешуд. Барои гунаҳкор донистани Дидди, айбдоркунандагон бояд исбот мекарданд, ки ӯ ақаллан як шарик доштааст ва онҳо дар якҷоягӣ дар зарфи 10 сол на камтар аз ду ҷиноят содир кардаанд, мегӯяд ҳуқуқшинос ва додситони собиқи федералӣ Роберт Минтс ба BBC News.
Пи Дидди аз ҷиддатарин иттиҳомот, ки метавонистанд ӯро то ба ҳабси абад маҳкум кунанд, сафед шуд. Худаш, вакилонаш ва мухлисонаш инро пирӯзӣ арзёбӣ карданд. Баъд аз эълони ҳукм Дидди рост дар толори додгоҳ ба зону афтода дуо хонд. Вакили ӯ Марк Агнифило инро «пирӯзии бузург» номид ва доваронро барои он ки ба мизоҷаш «ҳаёт бахшиданд», сипосгузорӣ кард.
Созмони UltraViolet, ки барои ҳуқуқи занон мубориза мебарад, ҳукмро «доғе бар системаи адолати судӣ» номид. Коргардон Дрим Ҳэмптон, ки филме дар бораи иттиҳомҳои зӯроварӣ алайҳи сароянда Ар Келли сохтааст, гуфт, ки ба Кассандра Вентура изҳори ҳамдардӣ мекунад. Вакили худи Вентура ваъда дод, ки онҳо «муборизаро идома медиҳанд».
Аммо Пи Дидди бояд ҳоло мунтазир монад, ки ҳукмаш барои ду ҳолати интиқоли одамон барои фоҳишагӣ чӣ гуна хоҳад буд. Барои ҳар як ҳолат ба рэпер то 10 сол зиндон таҳдид мекунад. Бо вуҷуди ин, эҳтимол надорад, ки ба ӯ ҳадди аксар 20 сол дода шавад. Дар аризаи худ ба додрас айбдоркунандагон талаб карданд, ки Дидди бояд ҳадди ақал аз 51 то 63 моҳи зиндон (яъне каме зиёда аз 4 то 5 сол) ҳукм гирад. Ҳанӯз маълум нест, кай ҳукм содир мешавад. Додрас пешниҳод кард, ки онро то октябр ба таъхир андозанд, аммо ҳимоятягарони Комбс исрор доранд, ки раванд бояд зудтар анҷом ёбад.
Мушкилиҳои ҳуқуқии рэпер ҳоло ҳам ба охир нарасидаанд, зеро зидди ӯ то ҳол тақрибан 70 даъвои шаҳрвандӣ мавҷуд аст. CNN таъкид мекунад, ки дар мурофиаҳои шаҳрвандӣ сатҳи исбот ба маротиб пасттар аст, нисбат ба ҷиноят. «Дар мурофиаи ҷиноӣ ҳакамон бояд гунаҳкор будани Комбсро бе шакку шубҳа эътироф мекарданд. Аммо дар мурофиаи шаҳрвандӣ кофист исбот кунанд, ки далелҳо бо эҳтимоли зиёд ба фоидаи даъвогар мебошанд, яъне эҳтимол дорад ҷиноят воқеан содир шуда бошад.», — тавзеҳ медиҳад CNN.



