БИЗНЕС-КЛУБBMW DeepSeek-и чиниро истифода мекунад. Аврупову Амрико аз он...

BMW DeepSeek-и чиниро истифода мекунад. Аврупову Амрико аз он ҳарос доранд

-

BMW эълон кард, ки дар нимаи дуюми соли 2025 дар бозори Чин зеҳни сунъии DeepSeek-ро дар мошинҳои худ ҷорӣ мекунад. Дар ин бора роҳбари консерни автомобилии BMW Оливер Сипсе дар намоишгоҳи автомобилии Шанхай хабар додааст.

Ба гуфтаи Сипсе, Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ, бахусус дар соҳаи автомобилсозӣ, мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар доираи стратегияи рушди қарорҳои рақамӣ, BMW ният дорад, ки имкониятҳои функсионалии мошинҳо, аз ҷумла ёвари зеҳни сунъӣ, идоракунии овозӣ ва хадамоти фардиро тақвият бахшад.

Ин дар ҳолест, ки як қатор кишварҳои аврупоӣ дар идораҳои давлатӣ истифодаи DeepSeek-и чиниро манъ кардаанд.

Ахиран Hyundai Motor Group ба шумораи афзояндаи ширкатҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳ шуд, ки ба кормандони худ истифодаи чат-боти дорои зеҳни сунъии чинии DeepSeek-ро манъ карданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад