ҲАЁТИ СОЛИМЛоиҳаи қонуни нав: муҳоҷирон барои гирифтани патент аз қайди...

Лоиҳаи қонуни нав: муҳоҷирон барои гирифтани патент аз қайди геномӣ гузаранд

-

Тибқи талаботи лоиҳаи қонуни воридшуда ба Думаи давлатии Русия, муҳоҷироне, ки барои гирифтани патент муроҷиат мекунанд, вазифадоранд аз қайди геномӣ гузаранд. 

Дар сурати қабули қонун, маблағи ин навъи муоинаи тиббӣ аз ҳисоби муҳоҷирон пардохт мегардад.

Муаллифон (вакилони вилояти Ленинград) қайд карданд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, аксар вақт кӯшиш мекунанд, ки дубора бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё шахси дигар ба кишвар ворид шаванд. Ба ақидаи онҳо, бақайдгирии геномӣ имкон медиҳад, ки ҳатто ҳангоми тағир додани маълумоти шахсӣ, муҳоҷирон ба таври дақиқ муайян карда шаванд.
Илова бар ин, навоварӣ барои баланд бардоштани ошкорсозии ҷиноятҳои солҳои пешин мусоидат хоҳад кард, зеро бисёре аз парвандаҳои ҷиноӣ бинобар набудани маълумоти боэътимод дар бораи шахсияти гумонбарҳо кушода нашудаанд. Ташкили пойгоҳи додаҳои генетикӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ки зуд ширкаткунандагонро муайян кунанд, бахусус агар ҷинояткороне, ки аз Русия фирор кардаанд, кӯшиш кунанд, ки баргарданд.

Тибқи қонунгузории амалкунанда, муҳоҷирони меҳнатӣ вазифадоранд аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва муаллифони ташаббус пешниҳод мекунанд, ки онро бо супоридани маводи биологӣ барои бақайдгирии ҳатмии давлатии геномӣ пурра намоянд. Ҳамаи хароҷотро худи шаҳрванди хориҷӣ пардохт кунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад