МУВАФФАҚИЯТБоғе бо дарахтони нодир. Мирзошоҳи Акобир собит намуд, ки...

Боғе бо дарахтони нодир. Мирзошоҳи Акобир собит намуд, ки бо меҳнат харобае гулистон мешавад

-

Мирзошоҳи Акобир яке аз боғбонҳои кордону соҳибтаҷриба натанҳо дар ҳудуди Рашт, балки дар саросари кишвар аст. Ҳунарӣ боғдорӣ ба ӯ аз гузаштагонаш мерос мондааст ва падару бобояш боғдор будаанд.

Падараш яке аз деҳқонони асили ноҳия дар қарни гузашта маҳсуб мешуд ва Мирзошоҳ аз наврасӣ дилбастаи касби аждодӣ буду аз падар таҷриба меандӯхт.

«Падарам бемор буд ва охирин рӯзҳои ҳайёташро сипарӣ мекард. Ман дасти падарамро гирифта ба замине бурдам, ки он ҷо боғ бунёд кардан мехостам. Вақте падарам замини қамишзору найзореро дида ба ман муроҷиат кард, ки «писарам, заҳмат накаш, ин ҷо боғ бунёд кардан ғайриимкон аст!» Ман бошам гуфтам, ки падарҷон, шумо ба ман дӯо диҳед ва бо ман дар инҷо як ниҳол шинонед, Иншоолоҳ ман дар инҷо боғ бунёд мекунам. Бо падарам як ниҳолеро гирифта шинондем. Чуқурие кандаму падарам ниҳолро дошт ва ман бехи он хок рехтам. Бо ҳамин, ба бунёди боғ шурӯъ кардам.»,-ба ёд овард Мирзошоҳи Акобир.
Заминеро, ки аз он умеди чизе рӯёнидан набуд, Мирзошоҳ ба як макони зебою тамошобоби сайёҳони дохилу хориҷ табдил додааст ва ҳамасола садҳо нафар аз ин боғ дидан мекунанду ба кордонию амалҳои ӯ аҳсан мегӯянд. Ин боғро «Кӯҳсори аҷам» ном ниҳодааст.
Ӯ ҳарфҳои “наметавонам” ва “Намедонам”-ро ман қабул надорад.
Ба бовари ӯ, агар инсон сидқан хоҳиш дошта бошад аз ӯҳдаи ҳама кор мебарояд.
Ҳоло дар боғи ӯ 64 навъи себ, 36 навъи муруту нок, 24 навъи зардолу ва дигар анвои меваҳои ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ парвариш карда мешаванд. Ҳамчунин ӯ дар як дарахти себ 12 навъ ва дар дарахти дигар 24 навъи себро пайванд кардааст, ки аз як тараф навоварӣ аз паҳлӯи дигар барои сайёҳон ҷолиб аст. Ӯ  дарахтони қитъаҳои бекорхобидаи берун аз ҳудуди боғашро низ парвариш мекунад. Аз ҷумла, дарахтоне, ки дар доманакуҳҳои ҷамоати Ҷафр рӯйидаанд. Мардум қаблан онҳоро барои зимистон мебурид. Акнун Мирзошоҳ ин дарахтонро парвариш мекунаду бо роҳи пайвандкунӣ онҳо меваҳои шаҳдбор ба бор меоранд.
Дар қисматҳои дигари куҳ (дар деҳаи Ҷафр) боғи давршаклеро чун рамзи чакан дар домани куҳ бунёд карда, дар ҳар қатори он навъҳои гуногуни дарахтонро шинондааст, ки дар айёми баҳор бо гулҳои шукуфта чакани бузургеро мемонанд.

Писаронаш низ дар кори боғдорӣ ба падар кумак мекунанд. Мирзошоҳи Акобир мегӯяд, агар мо боғе бунёд кардем, баъд аз сари мо низ дигарон аз самараи он истифода мекунанд.

Муҳаммад Маҳмадзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад