ҲАЁТИ СОЛИММайори оташнишон ва ҳомии баробарии гендерӣ

Майори оташнишон ва ҳомии баробарии гендерӣ

-

Гулҷиной Икромализода дар ҷойи кор

Дар ҷомеаи анъанавии мо, интихоби касбҳои анъанавии «мардона» барои занон ҳамеша бо фишор ва шубҳаҳо рӯ ба рӯ шудааст. Аммо қаҳрамони мо, Гулҷиной Икромализода, бо нерӯ ва иродаи худ на танҳо ин стереотипҳоро шикаст, балки намунаи баробарии гендерӣ гардид.
Гулҷиной 20 январи соли 1998 ба Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ашт ҳамчун нозири хурди қисми молия шомил шуд. Дар он вақт ӯ танҳо як курси кӯтоҳмуддати мусоҳибиро хатм карда буд. Аммо меҳру муҳаббат ба касби интихобнамудааш ӯро водор кард, ки таҳсили худро идома диҳад. Гулҷиной ба Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дохил шуд ва бо ихтисоси «Иқтисодчӣ» маълумоти олиро ба даст овард.
Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар соли 2003 ба кори худ дар хадамоти оташнишонӣ баргашт ва дар соли 2004 барои такмили ихтисос ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ равона шуд. Ӯ дар ин ҷо ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхторро гирифт ва соли 2006 ба ӯ рутбаи лейтинант дода шуд.
Гулҷиной аз нозири хурд то нозири калони гурӯҳи назорати бехатарӣ аз сӯхтор дар шаҳри Истиқлол расид. Соли 2022 ба ӯ рутбаи майори хизмати дохилӣ дода шуд ва ҳоло дар Раёсати Хадамоти давлати оташнишонии вилояти Суғд дар вазифаи муҳандиси калони шуъбаи молия ва таъминоти моддӣ-техникӣ кор мекунад.
Гулҷиной мегӯяд, баробарии гендерӣ аз хурдӣ дар оилаи онҳо мушоҳида мешуд.

«Падарам ҳамеша маро дастгирӣ мекарданд ва ҳеҷ гоҳ монеа намешуданд. Ин муҳит дар оилаи ман низ идома дорад. Шавҳарам дар тамоми фаъолиятҳои корӣ ва рӯзгор маро дастгирӣ мекунад, ва ман аз ин ифтихор дорам.»,-мегӯяд Гулҷиной.
Бо вуҷуди масъулиятҳои зиёд, Гулҷиной тавонист на танҳо дар кор, балки дар оила низ муваффақ бошад. Ӯ бо шавҳари худ се фарзандро тарбия мекунад ва аз муҳити орому хушбахтонаи хонаводагӣ баҳра мебарад.
Ҳикояи Гулҷиной Икромализода нишон медиҳад, ки занон бо талош ва ирода метавонанд дар ҳар соҳа муваффақ шаванд. Баробарии гендерӣ танҳо шиор нест, балки роҳи асосии расидан ба ҷомеаи мутараққӣ мебошад.
Баробарии гендерӣ – калиди муваффақият ва хушбахтӣ барои ҳама аст.

Маводи мазкур барои лоиҳаи НАНСМИТ “Баробарии рақамӣ: пешбурди огоҳии гендерӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосир байни ҷавонони Тоҷикистон» омода шудааст.

Юлдузой Мирзоева

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад