ҲАЁТИ СОЛИМВазъи модарони кӯдакони дорои ниёзи махсус дар Суғд чӣ...

Вазъи модарони кӯдакони дорои ниёзи махсус дар Суғд чӣ гуна  аст?

-

Муаррифии натиҷаи тадқиқот бо иштироки модари кӯдаки дорои ниёзи махсус ва намояндагони мақомоти давлатӣ

Вазъи модарони кӯдакони маъюбиятдошта дар Суғд мавриди таҳқиқот қарор гирифт ва ахиран дар як мизи гирд муаррифӣ шуд. 

Лоиҳаи «Модарони осебпазир: Тадқиқоти вазъи модарони кӯдакони маъюбиятдошта дар вилояти Суғд» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Равобит» амалӣ гардид. Он  бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъалаҳои муҳиме, ки модарони кӯдакони  дорои маъюбият ҳармарӯза рӯз рӯ ба рӯ мешаванд, равона шудааст.

Муаррифии тадқиқот

Дар пурсиш ва суҳбатҳои инфиродӣ, ки натиҷаи он барои тадқиқот ҳамчун сарчашма истифода  шуд, беш аз 80 модар аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон  Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Деваштич ширкат варзиданд. Натиҷаи таҳқиқот чунин будааст, ки 80%-и модарон ба кумаки озуқаворӣ ниёз доштаанд. Инчунин, 82,5%-и онҳо дар дастрас кардани доруворӣ ва маводи тиббӣ мушкилӣ мекашаанд. Чунки 40%-и бонувон бо нигоҳубини фарзанд машғул будаанд ва кор намекардаанд.

«Беш аз 80%-и модарон ҳангоми дуруст кардани ҳуҷҷатҳои кӯдакони маъюбашон ба мушкилоти бюрократӣ дучор мешаванд ва 17,5%—и онҳо дар бораи мавҷуд будани имтиёзҳо умуман огоҳӣ надоранд. Боиси нигарон аст, ки 48,75%-и модарон ҳуқуқҳои фарзандони худро намедонанд. Ҳамзамон, беш аз 90%-и модарон худро аз ҷомеа ҷудо ҳис мекунанд ва бо табъиз рӯ ба рӯ мешаванд.», — бо  таассуф гуфт Фирӯза Мирҷумъаева, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Равобит”.

Барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ танҳо 2,5%-и пурсидашудагон гуфтаанд, монеае нест. Мушкилоти асосӣ дар самти дастрасӣ  ба кумаки тиббӣ чунин шарҳ дода мешавад:   

  • 38,75% арзиши баланди табобатро монеаи асосӣ мешуморанд;
  • 37,5% дурии муассисаҳои тиббиро қайд карданд;
  • 21,25% норасоии мутахассисони баландихтисосро нишон доданд.

Дар тадқиқоти «Модарони осебпазир: Тадқиқоти вазъи модарони кӯдакони имконияти маҳдуддошта дар вилояти Суғд» ба чанд масъалаи муҳими дигар низ диққати махсус дода шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамгироии иҷтимоии кӯдакон ба раванди таълим, коҳиши изолятсияи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба кумаки равонӣ таҳлил гардидааст.

Сипас, суҳбати модарони кӯдакони дорои ниёзи махсус бо масъулони сохторҳои давлатӣ сурат гирифт.

“Ин вохӯрӣ бо ҳадафе роҳандозӣ шуд, ки модарони кӯдакони дорои маъюбият ба саволҳояшон аз намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ҷавобгиранд. Ба модарон ва меҳмонон сипоси фаровон мегӯям, ки вақт ёфта, дар суҳбати сари мизи мудаввар омаданд. Аз мутахассисон узр мепурсем, ки модарони кӯдакон  шояд аз ҳаяҷон саволу фикрҳояшонро нодурурст ба забон оранд. Онҳоро дуруст фаҳмед.  Умед дорем, ки модарони мо аз ҷавобҳо ва маслиҳатҳои мутахассион истифода бурда, масъалаву муаммоҳояшонро ҳал карда метавонанд.”, — афзуд Фирӯза Мирҷумъаева.

Дар миззи мудавар ба суолҳои модарон  Ифтихор Самадзода, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд, Анварҷон Акрамов, сардори шуъбаи мониторинг ва таҳлили омори суғуртавии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд, Ҳотамҷон Собиров, сармутахассис бемориҳои кӯдакон дар Раёсати тандурустии вилоят, Маъруфҷон Алибоев,  намояндаи Раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, Саодат Баҳоваддинова, директори Корхонаи воҳидии давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд”  намояндаи Раёсати маориф ва Раёсати кор бо занони вилоят  посух доданд.

Суоли модари кӯдаки дорои ниёзи махсус:  — Мо азоб мекашем. Ташхисҳо гарон аст, озомиши ҷигар ва ғайра. Мисол, дар Маркази саломатии маҳалли зисти мо УЗИ-ии ҷигар нест. Чӣ кор кунем, барои ройгон супоридани онҳо?   

Посухи Ҳотамҷон Собиров, намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд: 

— Вақти супоридани таҳлилҳо шудааст,  духтури оилавӣ ба Шумо роҳхат менависанд, баъд дар асоси он ба Маркази саломатии ҷойи истиқоматиаатон  равон мекунанд. Дар он ҷо дар асоси роҳхатат таҳлилро бояд ройгон гиранд. Дар ҳолате, ки кӯдак ҳуҷҷати маъюбият ва роҳхати духтури оилавиро дошта бошад, метавонед муроҷиат карда, таҳлилҳоро ройгон супоред. Агар монеаҳо шуд,  ба муовин ё сардори муассиса муроҷиат карда, коратонро ҳал кунед. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Беморхонаи кӯдаконаи виояти Суғд  69 ҳазору 374 амалиёти ташхисӣ гузаронида шудааст. Барои кӯдакони беморро  бо доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ, хун ва ҷузъҳои он ба таври ройгон таъмин кардан  ба буҷаи солонаи Беморхонаи кӯдакон 440 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.  

Суоли модари кӯдаки маъюб:  — Мо ба клиникаҳои хусусӣ муроҷиат мекунем, нархи хизматрасониашон қимат аст. Ба кӯдакони дорои маъбият  ягон намуди тахфиф доранд?

Посухи Ҳотамҷон Собиров, намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд: 

— Ҳар дармонгоҳи хусусӣ аз рӯйи низомномаи худ фаъолиятро пеш мебарад. Мо ҳамарӯза бо кӯдакони бемор кор карда, мушоҳида мекунем, волидоне, ки дар ҳақиқат шароити супоридани маблағи ташхисҳоро надоранд, ба клиникаҳои хусусӣ бо хоҳиши тахфиф ҷудо кардан ва ё нисф гузаронидани нархи хизматрасонӣ муроҷиат мекунанд, ки он  бе посух намемонад. Онҳо аз волидон дастхат гирифта, озмоиши ЭМРТ — ро на бо  нархи 350 сомонӣ, балки бо 150 сомонӣ  тайёр мекунанд.

Саволи модари кӯдаки дорои ниёзи махсус: — Модари кӯдаки дорои маъюбият аз чанд солагӣ ба нафақа баромада метавонад?

Посухи Анварҷон Акрамов, сардори шуъбаи мониторинг ва таҳлили  актуарию омори суғуртавии  Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд:

—  Модаре, ки 5 ва зиёда аз он фарзанд таваллуд мекунанд, ё як кӯдаки маъюбро то синни 8-солагӣ нигоҳубин мекунанд,  дар баробари доштани собиқаи 240 моҳи корӣ  аз зани 53- солагӣ ба нафақа баромада метавонанд. Қонунгузорӣ ҳуқуқ додааст, ки чунин модарон 5 сол қабл аз сини нафақа ба нафақа бароянд. Ба ҳолати 1 – уми октябри соли 2024 дар Суғд гирандагони нафақаи маъюбӣ аз овони кӯдакӣ, ё худ кӯдакони дорои ниёзи махсуси то синни 18-сола дар ин давра ба 8 ҳазору 469 нафар баробар аст.     

Ифтихор Самадзода, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд низ гуфт, агар шаҳрванд то се моҳ баъд аз таваллуд шудани кӯдак барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат кунад, он ройгон дода мешавад, лекин барои хизматрасонӣ маблағ бояд супорад. 

“Айни ҳол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. Боз Қарори Ҳукумати кишвар дар бораи хизматрасониҳо ҳаст, ки он  низ дар ҳоли баррасӣ аст.  Агар ин ду ҳуҷҷат қабул шавад, ҳангоми бақайдгирии таваллуди кӯдак дар дилхоҳ давра ( аз 3-моҳагӣ  ё баъд аз 1-солагӣ)  маблағи хизматрасонӣ, худи шаҳодатнома ва боҷи он ба назар гирифта намешавад. Яъне, хизматрасонии бақайдгирии таваллуд ройгон расонида мешавад.”, — гуфт Ифтихор Самадзода.

Саодат Баҳоваддинова, директори Корхонаи воҳидии давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд”  ба модарони кӯдакони дорои ниёзи махсус пешниҳод кард, ки ба марказҳои таълимӣ, ки дар маҳалли зисташон фаъол аст, ҷалб шаванд.  Дар он ҷо модарон ва чунин кӯдаконро бо хулосаи духтурон, ки дар он лаёқати касбомӯзӣ доштанашон исбот шудааст, ба касбомӯзӣ ҷалб намоянд.

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Таҳрири нодурусти суханронии Трамп сари ду роҳбари BBC-ро хӯрд

Таҳрири нодурусти суханронии президенти ИМА Доналд Трамп боиси истеъфои ду раҳбари баландпояи BBC гардид. Директори генералӣ Тим Дейви ва...

Аз Windows 11 як хусусияти муфид барои смартфонҳоро хориҷ гардид

Аз Windows 11 як хусусияти муфид барои смартфонҳо хориҷ карда шуд. Пайвастшавӣ бо телефон дигар аксҳоро аз смартфон намоиш...

Meta миллиардҳо доллар аз таблиғоти қаллобон ба даст меорад

Тақрибан 10% даромади солонаи Meta дар соли 2024 аз рекламаи қаллобӣ ва молҳои мамнӯъ ба даст омадааст. Meta (Facebook, Instagram...

Samsung смартфони сеқатъшавандаи худро намоиш дод

Ширкати Samsung смартфони нави худро бо экране, ки сеқатъ мешавад, намоиш дод. То ҳол номи расмии он эълон нагардидааст,...
spot_imgspot_img

Ҷаред Айзекман, дӯсти Маск роҳбарии NASA-ро ба уҳда мегирад

Ҷаред Айзекман, дӯсти Маск роҳбарии NASA-ро ба уҳда мегирад. Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки дубора номзадии Ҷаред...

Маъмурияти Трамп чандин гузинаи ҳамла ба Венесуэларо тарҳрезӣ кардааст

Маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп чандин гузинаҳои ҳамла ба Венесуэларо тарҳрезӣ кардааст. Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ҳадди ақал се...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад