ОЛАМИ МАҶОЗӢСаҳифаи вакилони Бритониё дар X рахна шуд

Саҳифаи вакилони Бритониё дар X рахна шуд

-

Саҳифаҳои чанд вакили парлумони Бритониё ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  дар шабакаҳои иҷтимоии X рахна шуда дар онҳо таблиғи  криптоасъор нашр шудааст, хабар медиҳад The ​​Guardian.

Ба иттилои нашрия, саҳифаҳои вазири адлияи Бритониё Шабана Маҳмуд ва вакилони Ҳизби Коргар Крис Элмор ва Кэролайн Ҳаррисро рахна кардаанд. Саҳифаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Нашрия мегӯяд, дар саҳфаҳо паёмҳои шабеҳ нашр шудаанд, ки баъдан ҳазф шуданд.

Моҳи август ҳакерҳо аккаунти расмии ҳамлагари фаронсавии Реал Мадрид Килиан Мбапперо дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) шикастанд ва аз номи футболбоз паёмҳои таҳқиромез нашр карда буданд.

Дар байни паёмҳо як паёме низ буд, ки ба бошгоҳи футболи Англия “Тоттенҳэм” ва сиёсати Исроил баҳои манфӣ дода шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад