МУВАФФАҚИЯТНашри китоб барои пешбурди блог

Нашри китоб барои пешбурди блог

-

Дар Душанбе нахустин китоб дар бораи пешбурди блогҳо ба забони тоҷикӣ бо номи “Блогинг, қадам ба қадам” чоп шуд.  Ин китоб аз ҷониби рӯзноманигор Аслам Мӯминзод  навишта шуда, бо тамғаи  нашриёти “Ирфон”   нашр шудааст.

Китоби мазкур аз ҳашт қисм иборат буда, дар он дар бораи фаъолияти блогерӣ, намудҳои блогҳо, намудҳои  платформаҳои блогинг, тафовути  онҳо аз ҳамдигар, усулҳои интихоб ва истифодаи босамари платформаҳо, роҳҳои кушодани блогҳо, ҳуқуқ барои пешбурди блог,  усулҳои  эҷод намудани контенти босифат, роҳҳои афзоиши муштариёни блог, роҳҳои пул кор кардан аз блогҳо ва роҳҳои муваффақ намудани  блогҳо ба хонандагон маълумоти муфид пешниҳод мешавад.

Китоби “Блогинг, қадам ба қадам” ҳамчун дастури роҳнамо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши блогерону рӯзноманигорон барои пешбурди фаъолияти блогерӣ таҳия шудааст. Ҳамчунин аз доираи васеъи хонандагон метавонанд барои пешбурди блогҳои худ истифода баранд.

Бояд гуфт, ки блогинг ҳоло ба як бахши муҳими зиндагии инсонҳо табдил ёфтааст. Он барои маркетологҳо воситаи бозорёбии рақамӣ, барои воизон минбар барои суханронӣ, барои ширкатҳо воситаи таблиғи молу маҳсулот, барои мутахассисон воситаи худро муаррифӣ кардан ва барои рӯзноманигорон воситаи нашр кардани иттилоот ва барои ҳаваскорон воситаи дилхушиву фароғат, барои бархе аз одамон воситаи баёни дарду алам, барои хотиранависон рӯзнома ё дафтари хотираҳо ва барои шахсони муваффақ воситаи даромаду пешбурди рӯзгор аст.

Ҳар кас ба воситаи блогинг метавонад, ки фикрҳо ва идеяҳои худро ба ҷаҳониён пешниҳод кунад ва он имкон медиҳад ҳамчун восита барои сохтани шабака, ҷамъоварии ҳамфикрону дӯстон ва барои ба даст овардани даромад мусоидат кунад. Аммо муваффақ шудан дар дунёи блогинг кори осон нест. Китоби мазкур ба хонанда моҳияти блогингро мефаҳмонад ва роҳҳои сохтани блоги муваффақро нишон медиҳад.

Китоби “Блогинг, қадам ба қадам”  ба хоҳишмандон барои ба муваффақият ноил шудан дар ҷодаи блогинг кӯмак мекунад. Китоб бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  ба табъ расидааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад