Тасвирбардорони ҷаҳон метавонанд дар озмуни «Аксҳо бахшида ба ҳифзи уқёнусҳо» ширкат намоянд.
Dive Photo Guide дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид озмунро бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо» баргузор мекунад.
Аксҳо зебоӣ ва аҳамияти уқёнус, муносибати инсоният бо онро бояд инъикос намояд.
Пешниҳодҳо дар панҷ бахш қабул карда мешаванд:
— «Умқҳои нав, ки огоҳиро бештар мекунад»,
— «Кишварҳои хурди ҷазираи рӯ ба тараққӣ»,
— «Манзараҳои баҳрии зериобӣ»,
— «Манзараҳои баҳрии рӯйи об»
— «Ҳаёти сукунатдоштаҳои зериобии бузургу хурд».
Корҳои ғолибон дар чорабинии СММ бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо» 7 муаррифӣ карда мешавад.
Дархостҳо то 7 апрели соли равон қабул карда мешавад.
Акс аз шабакаи интернет