ҲАЁТИ СОЛИМЗӯроварӣ ба ноболиғ чӣ паёмад дорад?

Зӯроварӣ ба ноболиғ чӣ паёмад дорад?

-

Навори озордиҳии ноболиғ аз ҷониби як ҷавон бо истифода аз таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси аксуалмали шадиди корбарони интернет гардид. Гумонбари ин ҳодиса дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. 

Гумонбар дар азиятдиҳии ноболиғ

Лату куби хурдсолеро аз ҷониби амакаш ёд доред, ки дар интернет н вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва нисбат ба ин нафар низ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Аламов Ширин дар боздошт. Акс аз dushanbepolice.tj

Ин кирдорҳо навъе аз зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон маҳсуб мешавад. Зӯроварӣ нисбат ба кӯдак амали зишт ва ғайриқонуниест, ки аз ҷониби калонсолон раво дида мешавад. Зуроварӣ дар шакли таҳқир, дашном, фишор овардан, маҷбур кардан, маҳдуд сохтани ҳуқуқҳои кӯдак, таҷовуси ҷинсӣ, латукуб ва дигар навъҳои озору азияти ҷинсӣ, ҷисмонӣ ва равонӣ сурат гирифта, ба рӯҳия ва вазъи ҷисмонии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.

Мутаасифона, танҳо дар соли 2023 дар кишвар беш аз 50 ҳолати зуроварӣ нисбат ба кӯдакон сабт гардидааст, ки бештари ин ҳолатҳо дар шакли латукуб ва озору азият додани кӯдак аз ҷониби падару модар, хешовандон, ҳамсояҳо, муаллимон ва дигар ашхос мебошад. Ҳатто баъзе аз волидон зуровариро ҳамчуни ҷазо нисбат ба фарзанди худ тадбиқ мекунанд. Дар натиҷаи зуроварӣ ҳолатҳои ба ҳалокат расидани кӯдакон низ қайд шудааст. Мисоли ин, марги духтари 11- сола аз ҷониби падараш буд, ки 1 сол қабл дар натиҷаи латукуби шадид ба ҳалокат расида буд.

Судшуда Гурез Саидов, ки дар куштори духтараш айбдор дониста шуд

Давлат муваззаф аст, ки кӯдаконро аз ҳама гуна шаклҳои зуроварӣ ҳифз карда, оид ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ чораҷӯӣ намояд. Барои ҳифзи ҳуқуқи кудакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мушаххас “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” аз соли 2015 инҷониб амал менамояд. Қонуни мазкур таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, роҳ надодан ба поймолкунии онҳо, таҳкими кафолатҳои асфосии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, инчунин барқарор кардани ин ҳуқуқҳо дар сурати поймол шудани онҳо кафолат медиҳад.

Ҳар як кӯдак ҳуқуқи зиндагии орӣ аз таъбизро дорад. Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба чунин ҳолат мустақиман худи кӯдак, падару модар ё намояндаи қонунии ӯ метавонад ба суд ё дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намуда, барқарор кардани ҳуқуқи кӯдакро талаб намояд. Суҳайлӣ Қодиров, Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби муроҷиати кудаконро дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқашон шарҳ дод.

Суҳайлӣ Қодирӣ. Акс аз саҳифаи фейсбук

“Ҳангоми шоҳид шудан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдак шаҳрвандон бояд ба наздтиктарин шуъбаи корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура, намояндаҳои ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру навоҳӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Инчунин вобаста ба имконият ҳолати зуровариро нисбат ба кӯдак сабт ё аксбардорӣ кунанд ва ин метавонад дар раванди тафтишот ҳамчун  далел истифода шавад. Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва дар Кумитаи кор бо занон ва оила тартибе вуҷуд дорад, ки худи кӯдак метавонад шахсан муроҷиат намояд. Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ “дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳукуқӣ”, ба Кодеси оилаи ҶТ ва ба қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” пешниҳод гардидааст, ки дар сурати қабули он бо назардошти камолот ва синну сол ба кӯдакон ҳуқуқ барои муроҷиат ба субъектҳои дахлдор дода мешавад.»,-иттилоъ дод Суҳайлӣ Қодиров.

Зуроварӣ нисбат ба кӯдак на танҳо ба вазъи ҷисмонии ӯ балки ба руҳия, некӯаҳволӣ ва дурнамои ояндаи кӯдак таъсир мерасонад. Кӯдакони зери таъсири зӯроварӣ ин амалро “муқаррарӣ” шумурда нисбат ба дигарон аз он истифода кунанд. Равоншинос Маҳмадулло Давлатов оид ба таъсири зуроварӣ ба руҳияи кӯдакон чунин ақида дорад.

Маҳмадулло Давлатов. Акс аз манбаъҳои боз

“Зӯроварӣ нисбат ба кӯдак дар баробари зарари ҷисмонӣ метавонад ба руҳияи кӯдак таъсири манфӣ расонда, ба  инкишоф ва ояндаи ӯ паёмади нохубе дорад. Масалан, агар кӯдак дар муҳити носолим ба камол расад, ин ҳолатро ҳамчун як ҳолати маъмулӣ қабул карда дар оянда дар раванди зиндагии мустақилонаи худ онро такрор мекунад. 

Инчунин кӯдаконе, ки зери шиканҷа ё муҳити носолим ба воя мерасанд, майнаи сари онҳо қобилияти қабули маводу маълумоти дурусту дақиқ ва лозимиро қисман гум мекунад, ки ин ба ақибмондагии кӯдак аз барномаи дарсии мактабӣ низ сабаб мешавад.

Кӯдаконе, ки нисбат ба онҳо зуроварӣ сурат мегирад, баъд аз бартараф кардани оқибатҳои он бояд ба маслиҳати равонӣ фаро гирифта бояд шаванд.», -мегӯяд ин равоншинос.

Волидони муҳтарам дар хотир доред, ки зӯроварӣ танҳо нисбати кӯдак раво дидани латукуби ҷисмонӣ нест, балки бе назорат гузоштани кӯдак, қонеъ накардани талаботи зарурии ӯ, аз ҳад зиёд дахолат кардан ба ҳаёти кӯдак, беаҳамиятӣ ва номеҳрубонӣ низ навъе аз зӯроварӣ мебошанд.

Муроҷиат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак:
734025, ш. Душанбе, кӯч. Ҷалол Икромӣ 7
(+992 37) 2217352
info@vhk.tj, info@ombudsman.tj

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...
spot_imgspot_img

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад