МУВАФФАҚИЯТИстифодаи телефон дар нақлиёт мусофиронро нороҳат месозад

Истифодаи телефон дар нақлиёт мусофиронро нороҳат месозад

-

Мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз телефон истифода мекунанд. Манбаъ: Шабакаи интернет

Видеоҳои кутоҳи амудии (вертикальный) шабакаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки дар ҳама шароит онҳоро тамошо намоӣ. Аммо на бо садои баланд ва дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, ки барои дигарон нофораму дилхарош бошад. Аммо аксарият бо ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ телефони худро рӯйи даст гирифта то берун шудан аз нақлиёт видео тамошо мекунанд ё бо дӯстону ҳамсолонашон гуфтугӯ мекунанд. Агарчи истифодаи телефони мобилӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои ҳама қобили қабул нест.

Ғарқи суҳбати телефонӣ. Манбаъ: Шабакаи интернет

Истифодаи телефон метавонад атрофиёнро парешону мушавваш созад. Гуфтугӯҳои телефонӣ, гузоштани мусиқӣ оромии мусофирони дигарро халалдор месозад. Аммо баъзеҳо аз қоидаҳои истифодаи телефон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пурра огоҳ нестанд. Шояд дарк намекунанд, ки рафтори онҳо метавонад барои дигарон нофорам бошад.

Истифодаи аз ҳад зиёди телефон ва вобастагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад боиси нодида гирифтани қоидаҳои истифодаи дурусти телефон дар нақлиёти ҷамъиятӣ гардад. Ҷавонон шояд то ҳадде ба олами маҷозӣ ғарқ мешаванд, ки атрофиёи худро фаромӯш мекунанд.

Мо ба телефони мобилии худ одат кардаем. Аммо, мо набояд фаромӯш намуд, ки истифодаи бемавриду нодуруст боиси нороҳатии дигарон мегардад. Агар фикр мекунед, ки ҳатто дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ бояд мусиқӣ гуш кунед ё видео бубинед, пас аз гушмонак (наушник) истифода намоед.

Мусофир аз гушмонак истифода дорад. Манбаъ: Интернет

Дар ҳузури дигарон бобати мавзӯҳои хусусӣ суҳбат накунед. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ хатари дастрасии ба маълумоти телефон, аз қабили мукотиба, акс ё маълумоти шахсӣ вуҷуд дорад. Зеро, шумо вақте саргарми истифодаи телефони худ ҳастед, намедонед, пушти сари шумо кӣ чашм ба телефони шумо андӯхтааст.

Истифодаи телефон дар нақлиёти ҷамъиятӣ метавонад талафи вақт бошад. Зеро, ин вақтро метавон самараноктар истифода кард. Ба ҷои ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ ё бозӣ дар телефон, метавон китоб хонд, калимаҳои ягон забони хориҷиро ҳифз кар ё ҳади ақал аз манзараҳои атроф лаззат бурд.

Маълумоти бештар дар эксплейнер:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад