Без рубрикиАгар кӯдак вобастаи бозиҳои компютерӣ гардид, чӣ бояд кард?

Агар кӯдак вобастаи бозиҳои компютерӣ гардид, чӣ бояд кард?

-

Тобистони имсол мақомот дар ноҳияи Кӯшониён нафареро боздошт кард, ки  қаблан даҳ бор бо ҷурмӣ дуздӣ суд шудааст. Ин ҷавон бори охир дар нуҳ ҳолат бо гумони дуздии чорвои калон гумонбар дониста мешуд. Милитсия ин ноҳия дар шарҳи гуфта буд, ки гумонбар ҳамаи чорворо фурӯхта маблағҳои бадастовардаро дар бозиҳои интернетӣ ва корҳои беҳуда сарф намудааст.

Бозиҳои компютерӣ натанҳо ҷавонон балки кӯдакону наврасонро вобастаи худ сохтаанд, ки ҳатто ба содир кардани ҷиноят тела месозад. Чанд сол қабл ноболиғи 15-солае бо гумони дӯздӣ аз чанд кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе боздошт гардид.
«Дар натиҷаи пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки сабабгори асосии даст ба ҷинояти дуздӣ задании ин ноболиғ, вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ будааст.»,-омада буд дар шарҳи мақомоти милитсия.

Ноболиғи гумонбар зимни пурсиш. Манбаъ: vkd.tj

Баландтарин омори вобастагӣ ба бозӣ ё игромания ба кӯдакону наврасон рост меояд. Вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ маънои онро дорад, ки шахс аз бозӣ дил канда наметавонад.

Ин боиси халалдор шудани давраи табии ҳаёт ва фаъолияти таълимию иҷтимоиаш мегардад. Телефони мобилӣ як дастгоҳи дастрас барои ҳама гардидаст ва нусхаи мобилии аксари бозиҳо низ мавҷуданд.

Бинобар ин, кӯдакон метавонанд ҳатто дар роҳ, мактаб нақлиёт низ вақти худро бо бозӣ гузаронанд. Як қатор бозиҳои компютерӣ зиддиахлоқӣ ҳастанд, ки мутаассифона онҳо бисёртар дар байни кӯдакону наврасони аз 8-сола то 15-сола маъруфу паҳн гардидаанд. Мувофиқи як таҳқиқот, қариб 80%-и бозиҳои компютерии дорои хушунат аз тарафи ҷавонон пазируфта шудаанд.

Бозиҳои муосир бо графикаи такмилшуда ҳолатҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки бозикунанда гумон мекунад, ки дар ҳақиқат кирдорҳои бераҳмонаро худ анҷом медиҳад. Бозингар дар ҳоле ғолиб дониста мешавад, ки ҳамаи сатҳҳои бозиро гузашта, ба куштани одамони зиёд муваффақ гардад.

Раванди яке аз бозиҳое, ки кӯдакон меписанданд. Акс аз интернет

Саҳнаҳои бозии дигари серҳаводор миёни кӯдакону наврасон ин аст, ки зимни тасарруфи автомобил бо чӯби бейсбол ё мушту лагад ба сари ронандаи бегуноҳ мезанӣ ё атрофиёнро аз пой меафтонӣ.

Саҳнаи бозии GTA

Баъзе бозиҳои онлайнӣ метавонанд дорои мундариҷаи зӯроварӣ ё ҷинсӣ бошанд, ки барои ҳама синну сол мувофиқ нестанд. Бинобар ин, таснифбандии синну соли бозиҳоро тафтиш кунед ва бозии кӯдаки худро назорат кунед то боварӣ ҳосил намоед, ки онҳо ба мундариҷаи номуносиб дучор нашаванд.

Бисёре аз бозиҳо харидҳои маҷозиро тақозо мекунад. Бозингар бояд барои персонажҳо либос, силоҳ ва имконот харидорӣ намояд. Қисми ҷудонашавандаи бисёр бозиҳои онлайнӣ хариди онҳост. Барои хариди чунин бозиҳо гоҳо кӯдакон маҷбур мешаванд, ки даст ба дуздӣ зананд ё бидуни иҷозат корти бонкии волидайнро истифода кунанд.

Чӣ тавр мо метавонем дарк кунем, ки наврас ба бозиҳои компютерӣ вобаста гардидааст?

Рамзе аз вобастагӣ ба бозӣ. Акс аз шабакаи интернет
  • Шумо медонед, ки кӯдак муддати тӯлонӣ аз бозиҳои компютерӣ истифода мекунад ва аксар вақт рафтори хашмгинона зоҳир мекунад.
  • Як нишонаи дигари вобастагӣ аз бозӣ ин аст, ки наврас дӯсти ҳақиқӣ пайдо карда наметавонад. Ӯ бештар бо бозигаронӣ онлайн муошират мекунад.
  • Қобилияти донишандӯзиаш дар мактаб паст мешавад.

Аз ҳад зиёд бозӣ кардани бозиҳои онлайнӣ инчунин метавонад боиси мушкилоти саломатии ҷисмонӣ гардад, аз қабили бемории чашм, хастагӣ, бехобӣ, дарди тахтапушт ва даҳҳо бемории дигар.

Пас, чӣ бояд кард?

  • Кӯдакро ташвиқ кунед, ки бо дӯстонаш вақти бештар гузаронанд.
  • Муҳити хонаро мувофиқ ва бидуни стресс гардонед.
  • Ба кӯдакони хеш бозиҳои ҷисмонӣ анҷом диҳед ва бо ҳам китоб хонед.
  • Дар бораи бозиҳое, ки онҳо бозӣ мекунанд ва он чизеро, ки дӯст медоранд, пурсед.
  • Аз кӯдакон хоҳиш кунед, ки бозиҳоеро, ки онҳо бозӣ мекунанд, ба шумо нишон диҳанд раванди бозиро ба шумо шарҳ диҳанд.

Роҳи дигари фаҳмидани бозиҳое, ки кӯдакон бозӣ мекунанд, ин анҷоми таҳқиқоти мустақилона аст. Шумо метавонед бозиҳоро ҷустуҷӯ кунед ва баҳсу баррасиҳоро дар бораи ин бозиҳо хонед. Фарзанд ё бародарону хоҳарону Шумо дар як рӯз чӣ қадар вақти худро бо бозиҳои компютерӣ мегузаронанд.

Моҳи майи соли 2019 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ вобастагии бозиҳои интернетиро ҳамчун шакли беморӣ унвон кард. Агар мехоҳед, насли наврас ба ин беморӣ гирифтор нашавад, таваҷҷуҳи хешро ба онҳо равона намоед.

Маълумоти бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
3
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад