МУВАФФАҚИЯТНатиҷаи имтиҳонҳои давраи сеюми бақайдгирӣ чӣ хоҳад шуд?

Натиҷаи имтиҳонҳои давраи сеюми бақайдгирӣ чӣ хоҳад шуд?

-

Натиҷаи имтиҳонҳои давраи сеюми бақайдгирӣ 22 сентябри соли равон эълон мегардад.

17-уми сентябри соли 2023 даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2023 оғоз гардид. Дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ иштирок карданд.

Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 8739 нафар, аз ҷумла 6534 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 2205 довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) худро номнавис кардаанд.

Даври сеюми имтиҳонҳо барои ҳар ду қисм –  А ва Б дар як рӯз – 17-уми сентябр дар 26 маркази имтиҳонӣ баргузор карда мешавад. Марказҳои имтиҳонӣ барои ин даври имтиҳонҳо дар 11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Роғун, Турсунзода, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Шаҳритус ва Хоруғ) дар заминаи муассисаҳои таълимӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ташкил карда шудаанд. Ба рақами телефони мобилии ҳар довталаб, ки дар варақаи бақайдгирӣ нишон додааст, дар бораи макони имтиҳонсупориаш паёмак (SMS) фиристода шудааст. Агар довталаб бо сабабе ин паёмакро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи макони имтиҳонсупориаш тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахси масъули марказ дар тамос шавад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тестӣи дар ин даври имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ гузошта мешавад, холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, аз ҳамон рӯз то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд.

Манбаъ: Маркази миллии тестӣ. Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад