МУВАФФАҚИЯТМедалҳои Беҳрӯзу Темур аз "Hungary Masters-2023”

Медалҳои Беҳрӯзу Темур аз «Hungary Masters-2023”

-

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода ва Темур Раҳимов дар мусобиқоти ҷаҳонии устодони ҷудо «Hungary Masters-2023”, ки рӯзҳои 4-6-уми август дар пойтахти  шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор шуд, медалҳои нуқра ба даст оварданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг баъди се пирӯзӣ бар Мануэл Ломбардо (Италия), Даниел Сзегеди (Маҷористон) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Нилс Стамп (Швейтсария) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал паҳлавони ҷавони гурҷӣ Георги Терашвилиро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Беҳрӯз шоми шанбе, 5-уми август, барои медали тилло аз Соичи Ҳашимото, барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2023 дар Доҳаи Қатар, мағлуб гашт ва бори аввал дар ин мусобиқоти пурнуфуз соҳиби медали нуқра, 4 ҳазор евро ва дар радабандии ҷаҳонӣ соҳиби 1260 имтиёз гардид.

Темур Раҳимов рӯзи 6-уми август дар вазни беш аз 100 кило рақобатро аз даври дувум оғоз карда, бар Ҷелле Сниппеи ҳолландӣ дастболо шуд. Вай дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷайегу Юн аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад.

Паҳлавони номдори тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бар рақиби ботаҷрибаи ҷопониаш Кокоро Кагуера ғалаба карда, ба финал баромад. Вале Темур дар даври ниҳоӣ аз Мартти Пуумалайнен (Финляндия) шикаст хӯрд. Дарвоқеъ, аз пеш Раҳимов се маротиба дар мусобиқоти мухталиф Пуумалайненро шикаст дода буд. Раҳимов бо медали нуқра, 4 ҳазор евро ва 1260 имтиёз қадрдонӣ шуд.

Акс аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад