ОЛАМИ МАҶОЗӢИзҳороти сарони AI: хатари зеҳни сунъӣ аз пандемия ва...

Изҳороти сарони AI: хатари зеҳни сунъӣ аз пандемия ва ҷангҳои ҳастаӣ кам нест!

-

Сарони бузургҷуссаҳои соҳаи зеҳни сунъӣ ҳушдор доданд, ки зеҳни сунъӣ ба инсоният таҳдид мекунад ва бояд ҳамчун хатар дар баробари пандемия ва ҷангҳои ҳастаӣ баррасӣ шавад. 

«Барои кохиши хатари аз байн нарафтани инсоният, зеҳни сунъӣ дар баробари дигар хатарҳои иҷтимоӣ, аз қабили пандемия ва ҷанги ҳастаӣ авлавияти ҷаҳонӣ касб кунад.»,- гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба мактуби боз зиёда аз 350 нафар роҳбарон, тадқиқотчиён ва муҳандисоне, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ кор мекунанд, имзо гузоштаанд. Дар миёни онҳо роҳбарони баландпояи се ширкати пешрафтаи зеҳни сунъӣ — CEO OpenAI Сэм Алтман, директори генералии Google DeepMind Демис Хассабис ва директори генералии Anthropic Дарио Амодей ҳастанд.

Ин изҳоротро Ҷеффрӣ Ҳинтон ва Йошуа Бенҷио, ки барои корашон дар бахши шабакаҳои нейронӣ ҷоизаи Тюринг гирифтанд, имзо кардаанд. Онҳо инчунин аксар вақт ҳамчун падархонди AI-и муосир ном бурда мешаванд.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки нигарониҳои афзоянда дар бораи зарари эҳтимолии зеҳни сунъӣ ба инсоният вуҷуд омадааст. Пайдоиши чатботҳои бо зеҳни сунъӣ фаъол ба монанди ChatGPT нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки зеҳни сунъӣ ба зудӣ одамонро фаъолона аз кор хориҷ мекунад.

Аввали моҳи май, ҳаммуассиси LinkedIn Рид Ҳоффман дар мусоҳиба бо маҷаллаи Fortune изҳор дошт, ки рушди зеҳни сунъӣ боиси ихтисори оммавии кормандон дар ширкатҳо мешавад.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад