МУВАФФАҚИЯТБаҳодур Усмонов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба...

Баҳодур Усмонов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс

-

Баҳодур Усмонов, паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар Тошканд ҷараён дорад, ба нимфинал роҳ ёфт ва новобаста аз натиҷаи нимфинал ӯ соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс мегардад.

Имрӯз муҳорибаҳои даври чорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс баргузор мешавад.

Асрор Воҳидов (57 кг) дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз муштзани қирғиз — Мунарбек Сеитбек Уулу бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Шоми имрӯз дар вазни 92кг Давлат Болтаев ба муқобили Азиз Аббос Муҳиддин аз Италия ва дар вазни 75кг Некрӯз Салимов ба муқобили Морино Фендеро аз Фаронса қувваозмоӣ мекунанд.

Аз Тоҷикистон ба чемпионат Меҳрон Шафиев, Меҳроб Ҳамидов, Меҳроҷ Зоидов дар, Асрор Воҳидов, Абубакр Муродзода, Баҳодур Усмонов, Расул Аҳадов, Довуд Маҳкамов, Некрӯз Салимов, Шаббос Негматуллоев, Парвиз Каримов, Давлат Болтаев ва Муҳаммад Аброриддинов сафарбар шуда буданд. Дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шуда, сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд.
Ба иттилои расонаҳо, варзишкорони Русия ва Белорус дар ин сабқат бо парчаму дигар рамҳои миллияшон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бритониё, ИМА, Лаҳистон, Швейтсария, Ҳолланд, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия, Канада, Украина, Олмон ва Норвегия аз фиристодани варзишгарони худ ба мусобиқа худдорӣ карданд.
Хазинаи ҷоизаи чемпионат беш аз 5 млн долларро ташкил дода, барандаҳои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 100 ва барандагони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад