МУВАФФАҚИЯТШоҳҷоизаи $10-ҳазораи Раиси шаҳри Душанберо кӣ соҳиб гардид?

Шоҳҷоизаи $10-ҳазораи Раиси шаҳри Душанберо кӣ соҳиб гардид?

-

Ғолибони Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе

Наврӯз Каримзода шоҳҷоизаи 10-ҳазордоллараи Раиси шаҳри Душанберо дар риштаи кӯштии миллӣ ба даст овард.

Наврӯз  Каримзода  зодаи  шаҳраки  Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик буда,  аз овони кӯдакӣ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ дастпарвари клуби варзишии Парвиз Собиров аст ва Фаррӯх Собирзодаро устоди худ медонад. Наврӯз дар баробари ғолибияташ дар мусобиқаҳои дохилӣ борҳо парчами кишварро дар хориҷ баланд бардоштааст.

Соли 2013 дар Ҷумҳурии мардумии Чин дар чемпионати  Осиё  сазовори  ҷойи  дуюм, соли 2019 дар  чемпионати  ҷаҳон  оид ба мусобиқаи кӯштии “Қазоқ  кураш”, ки дар  Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, сазовори ҷайи аввал гардида, бо медали тилло ба Ватан бармегардад. Инчунин охири соли 2022 дар Ҳиндустон сазоворӣ ҷойи сеюм ва инак, дар вазни 73 кг оғози соли 2023 Ҷоми раиси шаҳри Душанберо бо маблағи 10 000 доллар соҳиб шуд.

Ин варзишгари тоҷик борҳо дар майдонҳои муҳориба дастболо гардида, шоҳҷоиза-автомашинаро соҳиб шудааст. Аз ҷумла, 22 марти соли равон дар майдони кӯштии ноҳияи Темурмалик шоҳҷоиза насибаш гардид.

Наврӯз Каримзода ҳудуди 15 сол аст, ки дар майдонҳои хурду бузург қувваозмоӣ мекунад. Ҳамзамон дар риштаи Дюздо низ муваффақ аст.  

«Мехоҳам мисли ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов муаррифгари миллиати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бошам. Бояд шамъи хотираи паҳлавони номдору таърихии тоҷик-Саидумуминро ҷавонмардони ноҳияи Темурмалик рушан нигоҳ доранд.»,-таъкид мекунад Наврӯз Каримзода. 

Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад