ЗАБОНОМӮЗӢНақли иштирокчиёни International Olympiad Antaly: мо омода гардидем, пирӯзӣ...

Нақли иштирокчиёни International Olympiad Antaly: мо омода гардидем, пирӯзӣ осон буд

-

Ҳамро ва Анлисҷон бо парчами Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар иштирокчиён дар саҳна

Дар Олимпиадаи байналмилалии XIV International Olympiad Antaly, ки аввоили моҳи ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия идома ёфт, ҳазорон хонандаи синфҳои 5 -11 аз кишварҳои мухталифи дунё дар он ҳаққи иштирок доштанд. Ҳудуди 1,5 ҳазор наврас аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа ширкат карданд.

Ҳасанзода Ҳамро ва Нурзода Анисҷон ҳарду ғолибони олимпиада аз Тоҷикистон мебошанд. Анисҷон дар синфи 5-ум ва Ҳамро дар синфи 11-уми мактаби байналмилалии «КОНТОФИЛД»-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд. Ҳар ду аз фанни забони англисӣ дар олимпиада рақобат карда, мақоми аввалро касб намуданд.

Ба нақли Анисҷон, ӯ 2 моҳ омодагӣ дида буд, ки дар олимпиада корашро осон намуд.

Иштирокчиёни олимпиада дар фурудгоҳи Анталия

«Балантарин бал  40 муқаррар гардида буд ва ман 36 балро соҳиб шудам. Дар байни 1200 иштирокчӣ мақоми аввалро касб кардам. Ман эҳсоси хурсандӣ мекардам. Мехоҳам боз дар олимпиада иштирок кунам. Зеро, баъди пирӯзӣ ба саҳна баромадан, гирифтани мукофотҳо ва қарсакҳои бешумор бароят гуворост.» — мегӯяд Анисҷон.

Анисҷон Нурзода. Аз рост

Ҳамро Ҳасанзода имкони иштирок дар ду фанро дошт, вале маҳз англисиро интихоб кард. 

«Ман низ қабл аз рафтан ба Анталия ҳудуди ду моҳ омодагӣ дида будам. Ҳамин омодагиҳо кори моро дар олимпиада осон кард. Аз Тоҷикистон 1500 нафар ширкат карданд, 52 хонандагони синфи 11-ум. Аз ин теъдод танҳо ман сазовори мақоми аввал гардидам.» — мегӯяд Ҳамро.

Олимпиадаи мазкур ҳамасола баргузор мегардад ва ҷавонони тоҷик дар он фаъолона ширкат мекунанд.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад