МУВАФФАҚИЯТСаҳми бештари шахси номаълум дар хариди аробаи Меҳринисо

Саҳми бештари шахси номаълум дар хариди аробаи Меҳринисо

-

Меҳринисо Маъруфзода маъюби гурӯҳи якум аз шаҳри Бохтар баъди як гузориши мо соҳиби аробаи маъюбии электрикӣ гардид.

Ин ҷавондухтар дар 18-солагӣ, ҳамагӣ 10 рӯз қабл аз тӯйи арӯсиаш аз дарахт афтоду фалаҷ шуд.

Ӯ ҳоло 30 сол дорад. Ҳар ду пой ва як дасташ ҳаракат намекунад. Вале бо вуҷуди ин бо як даст ҷиҳозу ашёи зебое медӯзаду мебофад ва бо ҳамин минвол рӯзгорашро пеш мебарад.

Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Шодком»-и вилояти Хатлон Меҳринисо Маъруфзодаро ба кор давъат кардааст то ба дигар маъюбон ҳунар омӯзонад. Рӯзҳои наздик ба кор шурӯъ хоҳад.

Меҳринисо Маъруфзода бо аробаи маъюбии маъмулӣ ба кор рафта наметавонист. Зеро, ҳамагӣ як дасташ дуруст кор мекард. Мустақилона ба коргоҳ расидан барояш мушкил ғайриимкон буд:

«Ман аробаи маъюбӣ доштам, ки барои ба ҳаракат даровардани он ба як нафари дигар ниёз доштам. Худам ба танҳоӣ ба ягон ҷой рафта наметавонистам. Вақте барои ман пешниҳоди ҷойи кор шуд, хурсанд шудам, вале фикри рафтан ба кор азобам медод. Қариб буд, ки рад кунам. Хушбахтона, баъди гузориши сомонаи JOM.tj ман соҳиби аробаи электрикӣ шудам, ки минбаъд ба ҳар куҷое хоҳам, бидуни кумаки касе меравам.«,-нақл кард ин ҷавондухтар.

Меҳринисо Маъруфзода аз матоъ ҷузвдонҳои гуногун, болишт, чодарӣ, аз зарфҳои пластикӣ гулҳои ороишӣ таҳия мекунад. Харидори маҳсулоташ кам нест.  Маҳсули дасташ дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

«Ман аз якояки онҳое, ки барои хариди аробаи электрикӣ дасти кумак дароз карданд, изҳори миннатдорӣ мекунам. Ду рӯз қабл аз иди Фитр ба шаҳри Душанбе рафта аробаи маъюбиро харидам. Аз хурсанди ашк қатра-қатра аз чашмонам ҷорӣ мешуд.,-ба ёд овард Меҳринисо.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад