ҲАЁТИ СОЛИМРоҳбари Чеченистон вазири корҳои дохилии Русияро ба хунукназарӣ муттаҳам...

Роҳбари Чеченистон вазири корҳои дохилии Русияро ба хунукназарӣ муттаҳам кард

-

Акс аз манбаъҳои боз

Рамазон Қодиров, Роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон дар шарҳи қазияи навраси 13-сола Муслим Мурдиев раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ва вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсевро ба он муттаҳам кардааст, ки вазифаҳои гузошташуда аз ҷониби Президенти Русияро бо сифат иҷро намекунанд.

Вай ҳамчунин ба масъалаи муҳоҷират дахл карда, гуфтааст, дар сӯҳбати раисиҷумҳури Русия ва Узбакистон шоҳиди он буд, ки дар масъаллаи муҳоҷират ва пайдо кардани роҳи ҳал таъкид шуда буд.

«Колоколтсев амр додааст, ки муҳоҷирон латукуб шаванд, бародорони моро, ки бароямон зарур ҳастанд, меронанд. Баъд мегӯянд, ки касе бо мо дӯстӣ кардан намехоҳад. Чаро мо Украина, Гурҷистонро аз даст додем? Чаро муносибатҳо бо дигар давлатхо тезу тунд? Зеро, мардум намедонанд, ки дар давлат чӣ рӯх медиҳад!

Онҳо ба ноҳияҳо сафар намекунанд, бо одамон иртибот надоранд. Рӯйи курсиҳои худ нишаста, ба он чи ки берун аз тиреза рӯй дода истодааст, нигоҳ намекунанд. Худованд ҳатман ҷазояшонро хоҳад дод.”, — иқтибос овардааст grozny-inform.ru аз қавли Рамазон Қодиров.

Ёдовар мешавем, ки алайҳи Муслим Мурдиев дар Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ӯ дар чаҳор моддаи ҷиноӣ муттаҳам мешавад. Ин наврас ҳафт моҳ боз дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ӯ ба дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо истифода аз зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон бо як гурӯҳи одамон бо маслиҳати пешакӣ муттаҳам мешавад. Дар баробари Мурдиев чаҳор нафари дигар дар ин парванда муттаҳам мешаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад