МУВАФФАҚИЯТМуаллифи расми “Меҳри миллат” кист? (Видео)

Муаллифи расми “Меҳри миллат” кист? (Видео)

-

Саидбек Иззатзода аснои расмкашӣ

Аз ҳодисаи бархурди як автобус ба ҳафт таксӣ дар Душанбе аксарият огоҳӣ доранд ва ҳамчунин корбарони фаъоли фазои маҷозӣ медонанд, ки ронандаи автобус бо кумаки як ширкат зиёни ба мошинҳо расонидаро ҷуброн ва бо дастгирии мардуми хайрхоҳ пули зиёд ба даст овард. Баъд аз чанд рӯзи ҳодиса дар саҳифаи фейсбукии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тасвири ин манзара бо номи “Меҳри миллат” нашр шуд, ки муаллифи он донишҷӯи соли дуюми ин муассиса аст.

Хабарнигори jom.tj муаллифи тасвир- Саидбек Иззатзодаро пайдо ва бо ӯ суҳбат намуд.

Ба нақли Саидбек, навореро дар бораи зиндагии ронандаи автобус ва кумаку дастгирии мардум тамошо карда, дар зеҳнаш идеяи тасвири ҳолат пайдо шуд, вале нопурра, чун намедонист чӣ гуна онро рӯйи коғаз биёрад. Дарси кушод ва интихоби мавзӯи озод боис гардид, ки расми мазкурро тасвир намояд.

“Бо ташаббуси ректори донишгоҳ муҳтарам Давлатзода Қудрат Қамбар донишҷӯёни равияи дизайни меъморӣ  ҳар ҳафта як бор “Аксияи эҷодӣ” мегузаронанд. Ин як дарси кушод аст, ки бо ҳамкурсон ва муаллимон ба боғҳои пойтахтамон рафта, дар мавзӯи озод тасвир меофарем. Дар яке аз чунин дарсҳо тасмим гирифтам, ки пурсарусадотарин мавзӯи ҳафтаро тасвир кунам.”, — нақл намуд Саидбек.

Саидбек мегӯяд, дар дарси кушод танҳо қисми муайяни расмро тасвир карда буд  ва онро дар хона комил намуда ба падараш нишон дод. Бинандаи дуюми акс муаллимаи донишгоҳ буд.

Муаллиф сабаби “Меҳри миллат” номгузорӣ намудани тасвирро дар иттифоқӣ ва муҳаббати миллат арзёбӣ мекунад. 

Саидбек корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ нест ва сербинанда гардидани тасвирашро аз муаллима Фирӯза Эмомова ва ҳамкурсонаш фаҳмидааст.

Намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ расми “Меҳри миллат”-ро ба ронандаи автобус ва модараш тақдим намуданд.

Тақдими тасвир. Акс аз саҳифаи фейсбукии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Саидбек орзуи ҳавонавард шуданро дошт, баъдтар меҳри табибӣ дар дилаш ҷӯш зад, вале ҳоло бо роҳнамоии падар соҳаи лоиҳакаширо интихоб карда, донишҷӯи кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармим аст.

Ӯ мехоҳад оянда дар сохтмонҳои кишвар ҳамчунин лоиҳакаш ва ороишгар фаъолият намояд.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
15
+1
8
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад