МУВАФФАҚИЯТБеҳрӯз чаро шабакаҳои иҷтимоиро ба машваратхонаи ҳуқуқӣ табдил дод?

Беҳрӯз чаро шабакаҳои иҷтимоиро ба машваратхонаи ҳуқуқӣ табдил дод?

-

Беҳрӯз Султонов  тариқи шабакаҳои иҷтимоии Youtube, Instagram ва TikTok ба мардум машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Ӯ донишҷӯи соли 4-уми риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон буда, ҳамарӯза садҳо нафар аз ӯ машваратҳои ҳуқуқӣ мегиранд.

 “Дар охири соли 2-юми донишҷӯӣ бо сабаби паҳн шудани бемори фарогири COVID-19 ба мо таътил доданд ва ман бештари вақтамро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронидам. Ҳама гуна саҳифаҳоро пайгирӣ, вале ягон ҳуқуқшиносеро намедидам, ки ба мардум машварати ҳуқуқӣ диҳад. Сипас бо маслиҳати бародарам саҳифаи @qonun_tj_official – ро дар Instagram ва саҳифаи “Ҳуқуқи шумо” –ро дар YouTube боз намудам. Аз рӯзи аввали фаъолият эҳсос кардам, ки мардум ин иқдомро хуб пазируфтанд ва саволҳои зиёд пешниҳод мекарданд. Ҷавоби суолҳоро пайдо ва онҳоро қонеъ месохтам.”, – мегӯяд Беҳрӯз Султонов

Аз боз шудани саҳифаҳои ӯ дар Youtube, Instagram ва TikTok 2 сол пур шуда, теъдоди обуначиёнаш дар Youtube 15 ҳазар, Instagram 63 ҳазор ва дар TikTok тақрибан ба 20 ҳазор мерасад. Аксари суолҳоро обуначиёнаш ба ӯ ирсол мекунанд. Баъзе аз суолҳоро тариқи паёмак ҷавоб дода, қисмеро рӯйи навор оварда, ба обуначиёнаш пешниҳод менамояд.

“Ҳадафи ман аз пеш гирифтани ин ташшабус баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва бохабар сохтани онҳо аз ҳуқуқу уҳдадориҳояшон мебошад.”, – таъкид менамояд Беҳрӯз.

Беҳрӯз масоили муҳими ҳуқуқиро ба мардум мефаҳмонад ва ҳамарӯза наворҳои ӯро то 100 ҳазор бинанда пайгирӣ мекунанд.

Довуд Акобиров

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад