ВАРЗИШМедали нуқраи навраси тоҷик

Медали нуқраи навраси тоҷик

-

Дар рӯзи ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасони то 15-сола Алиризо Баҳромов, куштигири навраси Тоҷикистон медали нуқра ба даст овард.

«Алиризо дар вазни -68кг-и гуштини тарзи озод дар ду давр бар варзишгарони Қирғизистон (Элхан Эрмеков) ва Қазоқистон (Ербол Маратулӣ), инчунин дар нимфинал бар варзишгари Ҳиндустон (Нишант Руҳил) ғалаба карда, ба финал баромад. Ӯ дар финал аз варзишгари Эрон Ризо Алиакбар Афшор мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.»-менависад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10 июл идома меёбад.

Қувваозмоиҳо миёни наврасон ба анҷом расид. Аз имрӯз, 5 июл то 10 июл қувваозмоиҳо миёни ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин синну сол кишвари моро се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов (-60кг), Шероз Очилов (-72кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ ва Саидасан Ашрафхонов (-74) дар гуштини озод намояндагӣ мекунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад