НАВИДЛоиқ Раҷабов Зак Зейнаро бӯғӣ кард

Лоиқ Раҷабов Зак Зейнаро бӯғӣ кард

-

Акс аз https://www.instagram.com/p/CZQA8_uNESx/

Лоиқ Раҷабов дар муҳорибаи ахираш  Зак Зейнаро дар 3 дақиқаю 23 сония бо роҳи бӯғӣ кардан шикаст дод.

Ин аввалин муҳорибаи Лоиқ Раҷабов дар Eagle FC маҳсуб мешавад. Муҳориба дар доираи мусобиқаи Лигаи Ҳабиб Нурмагомедов шоми 29 январ (ба вақти Амрико) дар Майамӣ баргузор шуд.

Ёдовар мешавм, ки моҳи декабри соли 2021 Лигаи EFC хабар дода буд Лоиқ Раҷабовро ба сафаш пазируфт.

Акнун Лоиқ Раҷабов 16 пирӯзӣ, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад. Рақиби навбатиаш Зака Зейнаи амрикоии 32-сола 15 бор пирӯз гардида, бохтҳояш ба 10 расид.

Дар рақобатҳое Eagle FC 44 ташкил намуд, Сергей Харитонови рус Тайрон Спонгро бо нокаут (раунд 2-юм, 2:55) шикаст дод.

Бо қарори якдилона пирӯзӣ ба Рашад Эванс, ки бо Габриэл Чекко муҳориба анҷом дод, насиб шуд (30-27, 30-27, 30-27).

Рэй Борг Коди Гибсонро бо ҳисоби 29-27, 29-27, 29-28 шикаст дод.

Рамазон Курамагомедови рус бо қарори якдилона Ҷон Ҳовардро мағлуб сохт (30-27, 30-27, 30-26).

Раймонд Магомедалиев ҳарифаш Энтони Нҷокуаниро ба нокаут (раунд 1, 2:49) фиристод.

Дилан Салвадор Арман Оспановро бо нокаут мағлуб кард (даври дуюм, 5:00).

Йорган Де Кастро бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳарифаш Шон Ушер пирӯз шуд (раунди 1, 1:04)и

ДеМаркус Ҷексон Майлз Ҳансингерро бо нокаут мағлуб намуд (раунди 1, 0:54)

Шон Банч (29-28, 29-28, 29-28) Фирдавс Ҳасановро мағлуб кард.

Аяди Майдиддин (29-28, 29-28, 29-28) Ситик Мудуевро шикаст дод.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад