ҲАЁТИ СОЛИМПешниҳоди пора ё инъом барои дарёфти кумак ҷурм аст

Пешниҳоди пора ё инъом барои дарёфти кумак ҷурм аст

-

Расондани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва қабули қарор барои ба таъин намудани кумакпулӣ бояд одилона сурат бигирад. Кормандони сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳам кормандони масъул дар раванди муайянсозии ниёзмандии оилаҳо бояд шаффофиятро риоя намоянд.
Ариза дар бораи таъин намудани кумаки унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раис ё котиби ҷамоат ё сардори идораи манзилию коммуналӣ тасдиқ карда мешавад, ки дар доираи салоҳияти худ саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо месанҷанд ва ба дурустии онҳо масъул мебошанд.
Додани инъому пора барои тасдиқи ин ҳуҷҷатҳо ҷурм аст. Агар барои пур кардани ариза ё маълумотнома маблағ талаб гардад, рад кунед, зеро, он ройгон буда, хонапурии он хеле соддаву осон аст ва шумо мустақилона онро метавонед анҷом диҳед. Зеро, дар ин ҳуҷҷатҳо маълумоти хешро зикр мекунед.
Тибқи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ раисони кумитаҳои маҳалла, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои дигари ғайрибуҷетии маҳаллӣ барои ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъмини шаффофияти таъини кумаки унвонии иҷтимоӣ бояд ҷалб гарданд.
Шахс баъд аз пешниҳоди ариза ва замимаи дигар ҳуҷҷатҳо барои дарёфти Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ онро пайгирӣ намояд.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ ва кумитаҳои маҳаллӣ баъди қабул аризаҳои шаҳрвандон дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз ин ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бояд супоранд.
Мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ариза ва маълу¬мот¬нома дар бораи ҳайати оила, маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила ва мушахасоти шиносномаи аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некӯаҳволии оила дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз ба махзани ягонаи маълумоти низоми иттилоотии кумаки унвонии иҷтимоӣ ворид мекунад.
Агар сатҳи некӯаҳволии оила ба меъёри муқарраршуда ҷавобгӯ набошад, кумаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда намешавад.
Қарор дар бораи таъин ё рад намудан кумаки унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумоти ба махзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи кумаки унвонии иҷтимоӣ воридшуда то санаи 10 моҳи оянда қабул гардида, дар ин хусус мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дар муддати 10 рӯз ба аризадиҳанда хабарномаи хаттӣ ва ё электронӣ (паёмак) ирсол менамояд.
Умедворем, маълумот муҳим буд. Навиштани шарҳ, гузоштани лайкро фаромӯш накунед.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад