МУВАФФАҚИЯТДМТ дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин дар мақоми 241-ум

ДМТ дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин дар мақоми 241-ум

-

Дар раддабандии Quacquarelli Symonds Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни 450 донишгоҳи беҳтарин мақоми 241-умро ишғол намудааст.

«Ширкати «Quacquarelli Symonds» рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- — 2022 ( QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia)-ро нашр кард.»-хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо таърихи 70-сола яке аз муассисаҳои олии пешқадам ва калонтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳоло 19 факултет дошта, таълим аз рӯи се давраи таълим: бакалавр, магистр ва PhD аз рӯи 98 риштаи таҳсил сурат мегирад.

ДМТ бо беш аз 190 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкории дуҷониба имзо кардааст. Донишгоҳ узви беш аз 10 ассотсиатсияи байналмилалӣ, аз қабили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи кишварҳои ИДМ будааст.

Аз таърихи ДМТ

Таъсиси аввалин университет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он ба номи аллома Бобоҷон Fафуров – сарвари онвақтаи ҳизби коммунистии Тоҷикистон марбут аст. Бобоҷон Fафуров ва Вазири мактабҳои олии СССР С. Кафтанов ба роҳбарияти ҳизбӣ ва Шӯрои Вазирони СССР дар бораи зарурати дар Тоҷикистон ташкил намудани Университети давлатӣ таклиф пешниҳод карданд. Пешниҳоди сарварони РСС Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи Шӯравӣ мусбат пазируфта шуд. 21-уми марти соли 1947 дар Маскав қарори Шӯрои Вазирони СССР таҳти рақами №643 оид ба таъсис додани Университети давалатии Тоҷикстон аз ҷониби Раиси Шӯрои Вазирони СССР И.Сталин ва Раиси умури идораи он Я.Е.Чадаев ба имзо расид. Қарори мазкур таъсиси 4 факултет: физикаю математика (бо шуъбаи химия); хокшиносӣ-геологӣ-география; биология; таъриху филология ҳамроҳ бо шуъбаи шарқшиносиро пешбинӣ мекард. 

Ректори кунунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода буда, ӯ чаҳордаҳумин роҳбари донишгоҳ маҳсуб мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад