Моҳи декабри соли 2013 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 5 декабри соли 2014-ро аввалин Рӯзи байналмилалии хок муқаррар намудааст.
Ба иттилои директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Хоҷаев, дар Тоҷикистон зиёда аз 34 намуди хок маъмул аст. Ӯ дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» гуфтааст, ҳеҷ гоҳ заминро оташ набояд зад: зеро дар қабати ҳосилхези замин зиёда аз 1000 намуд микроорганизмҳои фоидаовар мавҷуд мебошанд, ки дар натиҷаи оташ задан нест мешаванд.