ОЛАМИ МАҶОЗӢБуллинг ва кибербуллинг: озордиҳӣ дар олами воқеӣ ва маҷозӣ

Буллинг ва кибербуллинг: озордиҳӣ дар олами воқеӣ ва маҷозӣ

-

Акс аз Шабакаи интернет

Калимаи Bull-барзагов ва bullying як истиораи рафтори хашмгини гов аст.

Буллинг сӯиистифода аз қудрат аст, ки қавитар заифтарро озор медиҳад. Таҳқир метавонад шифоҳӣ, ҷисмонӣ ё равонӣ бошад. Қавитарҳои мактаб аксар вақт кӯдаконеро, ки аз худ дифоъ карда наметавонанд, таҳқир мекунанд, дашном медиҳанд, таъқиб мекунанд, таҳдид мекунанд ва масхара менамояндд. Онҳо метавонанд қурбониёни худро ному тахаллусҳои ношоиста гузоранд,  зоҳир ва рафтори онҳоро масхара кунанд, аз майдони бозӣ берун созанд, пул ва дигар ашёи онҳоро дуздида ё бо зӯрӣ бигиранд. Баъзан ҷабрдидагон низ мавриди ҳамлаи ҷисмонӣ қарор мегиранд, масалан, онҳоро латукуб мекунанд, тела медиҳанд.

Як намуди нозук ва ғайримустақими таҳқир, ки дар байни духтарон маъмул аст, бадном кардани дигарон дар муҳити мактаб аст. Бо паҳн кардани овозаҳо, дурӯғҳо, ғайбат кардан, ифшои асрори дигарон, паҳн кардани навиштаҳои зишт, рад кардан, беэътиноӣ кардан ва аз фаъолияти гурӯҳӣ хориҷ кардани ҳамсабақон дар атрофи худ паст задани одамони гирду атроф буда метавонад, ин гуна бозиҳои таҳқиромез бошад. Писарон бештар бо таҳдид ва зӯроварии ҷисмонӣ таҳқир мекунанд, аммо истифодаи таҷовузи лафзӣ ва равонӣ дар байни занҳои зӯровар бештар маъмул аст. Таҳқири шифоҳӣ ё равонӣ метавонад ба мисли таҳқири ҷисмонӣ зараровар бошад.

Тибқи як пажӯҳиш, 35 дарсади хонандагони мактаб дар ҷаҳон бо ин ё он шакл ба буллинг рӯ ба рӯ мешаванд. Мутаассифона, ин омор сол то сол меафзояд. Зеро, дар интернет падидаи нав – кибербуллинг зуҳур кардааст.

Кибербулинг-озору азият дар интернет аст. Ҳодисаи зери қатора мондани Раҳима Каримова тасодуфӣ набуд ва ин як навъ кибербулинг маҳсуб мешавад.

Акс аз манбаъҳои боз

Чӣ гунае ки наздиконаш ба расонаҳо нақл кардаанд,  ҷавоне пайваста аксҳои Раҳимаро бо истифода аз фотошоп тағйир дода, тариқи инстаграм нашр мекардааст ва Раҳима дигар тоб наоварда, худро зери чархи қатора мепартояд.

Дар Акс Раҳима. Манбаъ: ozodi.org

Маъмулан, кибербулинг дар шакли  маводи матнӣ, зангҳо, почтаи электронӣ ё чатҳои онлайнӣ истифода мешавад. Аммо таҳқиру тарсондани одамон бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.

Дар эксплейнер маҳфуми «буллинг» ва «кибербуллинг»-ро бо мисолҳо шарҳ додем. Бубинед ва фикру назари хешро тариқи шабакаҳои иҷтимоии мо қисмат кунед: 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
8
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад