МУВАФФАҚИЯТМуҳаммадсолеҳ Баротови 14-сола чемпиони ҷаҳон шуд

Муҳаммадсолеҳ Баротови 14-сола чемпиони ҷаҳон шуд

-

Муҳаммадсолеҳ Баротови 14-сола (вазни 50кг) дар риштаи ҷиу-ҷитсу чемпиони ҷаҳон гардид. Ӯ дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу, ки нимаи моҳи ноябр дар шаҳри Абудабии Аморати мутаҳидаи Араб баргузор гардид ба ҷуз ин унвон, дар мусобиқае, ки байни Академия ва клубҳо доир шуд, сазовори медали тилло гардид.

Муҳаммадсолеҳ Баротов 31 декабри соли 2007 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз 9-солагӣ бо роҳнамоии падараш  ба тамрин оғоз кард.

“Азбаски падарам варзишро бисёр дӯст медошту худ ҳамеша ба варзиш машғул буд, мо-фарзандонашро ҳам ба ин роҳ ҳидоят намуд. Ҳоло ман ва ду додарам аз рӯи намуди варзиши ҷиу-ҷитсу тамрин менамоем.”,-мегуяд Муҳаммадсолеҳ. 

Вай муддати 5 соли тамрин дар беш аз 50 мусобиқаи сатҳи милливу байналмилалӣ иштирок намуда, дар ҳамаи онҳо дастболо гардидааст. Ба ғайр аз Муҳаммадсолеҳ ду бародари хурдиаш низ ба ин намуди варзиш машғул ҳастанд. Онҳо низ дар чандин мусобиқа дастболо гардидаанд.

Алиҷон Давлатов, президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳро роҳнамоӣ мекунад.

“Муҳаммадсолеҳ, шахси бисёр ҳам серҳаркат ва хушзавқ мебошад. Ӯ нисбат ба ҳамсабақони худ маҳорати баланд дошта, қоидаву усулҳоеро, ки барои мағлуб намудани ҳарифи худ аз ҷониби федератсияи байналмилаӣ тасдиқ шудааст, ҳарчӣ зудтар аз худ менамояд. Ғайр аз ин, вай хулқу атвори наку дошта, нисбат ба калонсолон эҳтироми хосса дорад. Маҳз ҳамин рафтору кирдораш ӯро ба қуллаҳои баланд расонид.”,-изҳор дошт Алиҷон Давлатов.

Ҳоло Муҳаммадсолеҳ Баротов номзади устоди варзиш ва узви дастаи мунтахаби варзишгарони Тоҷикистон мебошад.

Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад