НАВИДШукуфа мехоҳад тамизкорзанон дастонашонро дар партов назананд

Шукуфа мехоҳад тамизкорзанон дастонашонро дар партов назананд

-

Шукуфа Раҳмон паноҳандаи афғон дастгоҳеро сохтааст, ки аз тариқи он партовҳои ҷубору сари роҳро мешавад ҷамъоварӣ кард.  

Айни ҳол ӯ бо аҳли оилаашон дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ин наврас тӯли 2 сол аст, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ ихтиёр карда, дар ин ҷо орзуҳояшро амалӣ мекунад. Зеро, ҳавасҳои фурӯзандаи қалбашро дар зодгоҳаш-шаҳри Кобул натавонист ҷомаи амал пӯшонад.

Ҳоло Шукуфа дар баробари таҳсил, ҳамчунин дар маркази рушди истеъдодҳо малакаву маҳорати хешро сайқал медиҳад.

 “Бо дастгирии устодон дастгоҳи партовтозакуниеро ихтироъ карда онро “Pick up” ном ниҳодем. Дастгоҳи ихтироъкардаи мо метавонад ҷӯйборҳоро ба воситаи дандонаҳои худ аз партовҳо тоза намояд. Муҳаббат ба ихтироъкориву навоварӣ ҳанӯз дар Афғонистон буданам аллакай дар дилам  ҷӯш мезад, аммо бо сабаби камбуди мавод ва набудани имконот тахаюлотамро танҳо дар варақпораҳо амалӣ мекардам.”,—нақл кард Шукуфа.

Pick up”-и сохтаи Шукуфа

Шукуфа бо як гуруҳ духтарони афғон, ки ҳоло ба Тоҷикистон паноҳ офардаанд, ин ҷо пайи таҳсил ҳастанд. Ӯ мехоҳад ҳамин дастгоҳи сохтаи худро дар оянда бузургтару бисёрамала намояд:

“Мақсади асосии ман аз ихтирои дастгоҳ ин кумак ба мардум ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аз ҳар гуна партовҳои зиёновар ба табиат мебошад. Ин дастгоҳро тӯли се моҳ сохтем. Аслан барои тоза кардани партовҳо пешбинӣ шудааст. Зеро, имрӯз ин корро баъзан занону духтарон бо дастони худ мекунанд, ки ин ба саломатии онҳо таъсири манфӣ расонида, боиси сар задани бемориҳои пӯст мегардад.”,-мегӯяд ихтироъкори ҷавон Шукуфаи Раҳмон.

Идеяи сохтани ин дастгоҳро Шукуфа миёни ҳамсинфонаш пешниҳод намуда, дар якҷоягӣ онро сохтаанд. Ин аввалин қадами ӯ буда, талош дорад оянда  ба дастоварди бузургтару комилтар даст ёбад.

Шукуфа  баробари таҳсил дар мактаби миёна, инчунин узви маркази эҷодии кӯдакон  ва наврасони шаҳри Ваҳдат буда, ба курсҳои омӯзишӣ низ ҷалб шудааст. Ӯ донандаи хуби забони англисӣ мебошад. Шукуфа  мегӯяд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ зиёд писанд афтодааст ва мехоҳад таҳсилашро дар ҳамин ҷо идома диҳад:

“Маҳз имконият ва шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои касбомӯзиву донишандӯзии наврасону ҷавонон муҳайё шудааст, ба мо ҳам фурсат шуд, ки аз ин  шароити мусоид, ба монанди омухтани забонҳои хориҷӣ, курсҳои кампютерӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқу  техникаву техналогияи муосир баҳравар гардем. Ин шароиту имконият дар Афғонистан хеле кам аст”.

Дастгоҳи сохтаи Шукуфа аввалин дастоварди ӯ буда ба ин кори худ ӯ ҳанӯз қаноатманд нашуда, орзу дорад, ки баъдт хатми мактаби миёна ба ягон донишгоҳи бонуфӯзи Тоҷикистон дохил гардида, василаҳоеро созад, ки кори занону духтаронро осон намояд.

Меҳронаи Давлат

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад