ҲАЁТИ СОЛИМЮНИСЕФ: 272 миллион кӯдак мактаб намеравад

ЮНИСЕФ: 272 миллион кӯдак мактаб намеравад

-

Тибқи маълумоти Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), дар соли 2024 танҳо 31 фоизи кишварҳо дорои низоми самараноки такмили ихтисоси муаллимон буданд. Ин нишондиҳанда ба нисфи ҳадафи пешбинишуда намерасад.

Дар гузориши ЮНИСЕФ зикр шудааст, ки дар тӯли даҳ соли охир теъдоди кӯдакон ва наврасоне, ки ба мактаб намерафтанд, тақрибан 272 миллион нафарро ташкил додааст.

Ба иттилои ЮНИСЕФ, кумаки расмии байналмилалӣ ба соҳаи маориф 3,2 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт, ки ин метавонад теъдоди кӯдакони аз таҳсил дурмондаро  аз 272 миллион то 278 миллион афзоиш диҳад.

Никола Гратсиано, Роҳбари ЮНИСЕФ дар Италия ахиран «ҳеҷ як кӯдак набояд аз ҳуқуқи таҳсил ва имкони сохтани ояндаи худ маҳрум монад. Таъмини муаллимони омодаву ҳавасманд ва дастгиришуда на танҳо додани дониш аст, балки кафолати ҳифз, умед ва имкониятҳои ҳаёт мебошад».

Вазъи вахим дар Ғазза, Судан ва Гаитӣ

Тибқи арзёбиҳои ЮНИСЕФ, 234 миллион кӯдак, ки дар кишварҳои гирифтори низоъҳои мусаллаҳона зиндагӣ доранд ва ба мактаб намераванд, ба таҳсили босифат ниёз доранд. Ин рақам дар се соли охир 35 миллион нафар зиёд шудааст.

Аз байни ин 234 миллион кӯдак:

  • 85 миллион умуман ба мактаб намераванд;

  • 52 фоиз аз онҳо духтаронанд;

  • 17 фоиз кӯдакони гуреза ё муҳоҷирони дохилӣ мебошанд;

  • зиёда аз 20 фоиз кӯдакони дорои имконияти маҳдуд будаанд.

Вазъият дар сарзаминҳои Фаластин нигаронкунанда аст, то моҳи июни соли 2025-ум 588 бинои мактабӣ вайрон ё осеб дидаанд, ки аз онҳо 538 адади он (95,4%) дар минтақаи Ғазза ва 50 адади дигар дар соҳили ғарбии дарёи Урдун ҷой доранд.

Дар Судан, аксари кӯдакони синни мактабӣ аз таҳсил дур мондаанд. Дар Гаити бошад, бинобар афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ва нооромии шаҳрвандӣ, зиёда аз 1,4 миллион кӯдак ба кумаки таълимӣ сахт ниёз доранд.

ЮНИСЕФ таъкид мекунад, ки сармоягузорӣ ба муаллимон ин сармоягузорӣ ба оянда аст.

Ба таъкиди Созмони ЮНИСЕФ, то ҳар як муаллим дастгирӣ шавад ва ҳар як кӯдак дар ҳар гӯшаи ҷаҳон имкони таҳсил дошта бошад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад